Бернар Арно танҳо барои як соат сарватмандтарин марди ҷаҳон шуд
Миллиардери фаронсавӣ ва мудиръомили гурӯҳи тиҷории “LVMH”, ки беш аз ҳафтод бренди люкси ҷаҳон аз ҷумлаи Louis Vuitton-ро дар худ ҷой дода, барои муддати як соат унвони сарватмандтарин марди ҷаҳонро аз они худ кард.
Бернар Арно дар нахустин соати бомдоди панҷшанбе ҳаштуми декабри 2022 бар асоси рутбабандии нашрияи Форбес болотар аз Илон Маск дар раъси феҳристи моликони бештарин сарват дар ҷаҳон қарор гирифт. Аммо танҳо пас аз як соат бори дигар ба рутбаи дувуми ин феҳрист, ки пештар онро дар ихтиёр дошт, суқут кард.
Ҷастухези бозори бурс дар ин рақобати танготанг миёни ду ғӯли амрикоӣ ва фаронсавии соҳиби сарват дар ҷаҳон, таъсири зиёде дорад.
Сарвати Бернар Арно ҳамонанди бахши калони дороии Илон Маск умдатан аз муомилоти саҳомӣ ҳосил шуда, ки арзиши онҳо ҳар замон бо таваҷҷуҳ ба шароит ва мавқеиятҳои гуногун дар ҳоли тағйир аст.
Бинобар ин агар тоҷири фаронсавӣ барои муддати кӯтоҳе бар асоси рутбабандии Форбес сарватмандтарин ҷаҳон шуд, далели он поин омадани ногаҳонии арзиши саҳоми ширкати Тесло аст, ки таҳти моликияти Илон Маск қарор дорад.
Ин масъала нишон медиҳад, ки ба рағми тафовутҳои мавҷуд, рақобат миёни ду фарди соҳиби бузургтарин сарват дар ҷаҳон бисёр фишурда ва шона ба шона аст.
Бар пояи гузориши Форбес, сарвати Бернар Арно беш аз 184 миллиард доллар баровард шудааст ва нуктаи қобили таваҷҷуҳи ин, ки даромади Арно илова бар ин дар соли ҷорӣ бо афзоиши қобили таваҷҷуҳе низ ҳамроҳ будааст.
Гурӯҳи люкси “LVMH”, ки таҳти моликияти Бернар Арно аст дар ҳоли ҳозир ба рағми шароити на чандон мусоиди иқтисодӣ дар ҷаҳон, рекорди фурӯшро таҷриба мекунад ва гуфта мешавад, ки LVMH дар се фасли нахусти соли ҷорӣ беш аз 56 миллиард евро фурӯш доштааст, ки ин мизон нисбат ба муддати мушобеҳ дар соли 2021 дасти кам 28 дарсад афзоиш нишон медиҳад.
Сабти ин омори қобили таваҷҷуҳ нишон медиҳад, ки колоҳои люкс ба рағми вуҷуди буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва таварруми боло дар Ғарб ё ҳатто карантин ва вазъи маҳдудиятҳои сахтгирона дар Чин, бисёр хуб фурӯхта мешаванд.
Гурӯҳи LVMH, ки дар поёни даҳаи 80 тавассути Бернар Арно таъсис шуд, бисёр фарогир аст ва дар заминаҳои мухталиф брендҳои машҳуреро назири “Louis Vuitton”, “Диор”, ё Слин” зери чатари худ дорад.
Ин императории хонаводагӣ 200 ҳазор корманд дар саросари ҷаҳон дорад, ки 35 ҳазор нафар аз онҳо дар кишвари зодгоҳи Бернар Арну яъне Фаронса дар 110 маркази тавлиду фурӯш машғули кор ҳастанд.
Бернар Арно молиёти худро дар Фаронса мепардозад ва мӯътақид аст, ки ин кор ба таҷамуъи сарвати миллӣ кумак мекунад.
Ӯ дар замони оташсӯзии калисои Ностеррдам 200 миллион евро барои бозсозии ин бинои мазҳабӣ-таърихии машҳур кумак кард ва ҳангоми оғози ҳамагирии Ковид-19 дар соли 2020 низ барои таҳияи моски мавриди ниёзи кишвараш ба Чин рафт ва дар тавлиди гелҳои гидроалкологии мавриди ниёз барои бемористонҳои Фаронса мушорикат кард.
Бо ин вуҷуд воқеияти ғайри қобили инкоре, ки барои ҳама сарватмандони ҷаҳон сидқ мекунад ин аст, ки Бернар Арно дар 73 солагӣ байни фаронсавиҳо ба ҳамон андоза, ки таҳсинбарангез аст танаффури иддаеро низ бармеангезад.