Рубрики Хабарҳо

Оила барои азхудкунии 3,36 милиард доллар нақша гузоштааст

Соли оянда барои рушди иқтисоди воқеии Тоҷикистон беш аз 12,6 миллиард сомонӣ, яъне беш аз 1,2 миллиард доллар маблағ ҷудо хоҳад шуд. Тибқи иттилои Вазорати молияи кишвар, дар нақшаи буҷаи соли оянда барои рушди иқтисоди воқеии кишвар 12 миллиард 681,3 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба 9,8 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст.

Аввалан, барои “рушди иқтисоди воқеӣ” аз буҷаи давлат маблағ ҷудо кардан, он ҳам бошад наздик ба 10 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии тамоми кишвар, ки маблағи ҳангуфт ба ҳисоб меравад, қарори ғарибе аст. Одатан дар кишварҳои дорои иқтисоди бозаргонӣ, ки Тоҷикистон иддао дорад пурра ба он гузаштааст, буҷаи давлат барои пӯшидани хароҷоти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, артиш ва дифоъ, таълим, нақлиёт, аз ҷумла роҳҳо, ҳукумат ва ғайраҳо ба назар гирифта мешавад. Дар кишварҳои дорои иқтисоди бозаргонӣ дастгирии иқтисод дар сатҳи қонунгузорӣ, яъне қабул кардани қонунҳои ҳавасмандии иқтисодӣ, ва амниятӣ, яъне таъмин кардани бехатарии иқтисод бо истифода аз мақомоти қудратӣ амалӣ карда мешавад. Аммо ҷудо кардани маблағ аз буҷаи давлат барои “рушди иқтисоди воқеӣ” танҳо дар кишварҳои дорои иқтисоди нақшавӣ, яъне низоми шуравӣ ва коммунистӣ дида мешавад. Ҳамин худ гувоҳӣ медиҳад, ки мақомдорони кишвар, ки ҳамагӣ тарбиятёфагони мактаби шӯравӣ ҳастанд, то ҳол дар фазои низоми шӯравӣ зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин, ин хабари Вазорати молияи кишвар, ки кӯшиш кардааст ин хабарро чун ғамхории беназири ҳукумат қаламдод намояд, баҳонае беш нест ва ҳадафи ҷудо шудани ин маблағ аслан дигар аст.

Дуввум, ба назардошти он, ки ҳамаи қарорҳои ҳукумат танҳо ба манфиати Оила қабул карда мешаванд, мутмаинан, ин маблағ низ танҳо барои тасарруф ва азхудкунии Оила ҷудо шудааст. Далели онро дар идомаи хабар мебинем:

“Беш аз 6 миллиард маблағ аз миқдори нишондода ба рушди бахши сӯзишворӣ-энергетикӣ равона карда мешавад. Самти афзалиятноки соҳа — ин маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон ва таъмири нерӯгоҳҳои барқии кишвар мебошад”, — мегӯяд хабаргузорӣ.

Яъне, нисфи ин маблағ бевосита ба кисаи Оила равона шудааст, чун маълум аст, ки соҳаи барқ дар қабзаи маҳками онҳо қарор дорад. Мутмаинан, нисфи дигари ин маблағ низ ба соҳае равона шудааст, ки дар монополияи Оила қарор дорад. Тафсилоти бештаре дар ин маврид ҳоло дастрас нест.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар умум рушди иқтисод дар соли 2023 дар сатҳи 7,8% пешбинӣ шудааст. Дар пасманзари ҳиҷрати саросарии мардуми кишвар, рукуди иқтисоди минтақа дар натиҷаи ҷанги Русия ва Украина, кам шудани интиқоли пулӣ, ки коршиносони иқтисодӣ пешбинӣ мекунанд, фирори бесобиқаи сармоя аз кишвар ва оммавӣ шудани монополикунонии бизнесҳои калон ва ҳатто миёна, баъид аст, ки иқтисоди кишвар ба ин сатҳ рушд намояд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Сандуқи байналмилалии пул (IMF) моҳи гузашта рукуди иқтисодиёти ҷаҳониро пешбинӣ карда буд. Ба қавли мутахассисони ин ниҳод, “коҳиши суръати рушди иқтисоди ҷаҳонро бар асари таваррум, ҷанг дар Украина ва таъсири тӯлонии пандемия пешгӯӣ шудааст”.

Дар асоси гузориши ин ниҳод, рушди ММД-и ҷаҳон ҳамагӣ 2,7 дарсадро ташкил мекунад. Рушди ММД-и Осиёи Марказиро ин ниҳод 3,6 дарсад ва Тоҷикистонро 4,0 дарсад пешбинӣ кардааст. Бо назардошти воқеиятҳои кишвар ҳатто 4,0 дарсади пешбиникардаи Сандуқи байналмилалии пул низ ғайривоқеӣ ба назар мерасад, зеро онҳо дар асоси омори расмӣ пешбинӣ мекунанд. Омори расмии кишвар бошад, тибқи хоҳишу майли Оила рушд ё рукуд мекунад, он ҳам бошад танҳо дар қоғаз.

Оила на танҳо азхудкунии 12,6 миллиард сомони ё беш аз 1,2 миллиард доллари буҷаи кишварро ба нақша гирифтааст. Илова бар он як миқдор ҳадяву қарзҳое аз кишварҳое ғарбиро низ зери чашм кардааст. 

Тавре хабаргузории давлатии Ховар хабар медиҳад, соли 2023 оғози амалисозии лоиҳаи «Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон» ба назар гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки маблағ барои амалисозии лоиҳаи мазкур 15 миллион евроро ташкил медиҳад. Сарчашмаи маблағгузориаш Иттиҳоди Аврупо буда, он пурра грант мебошад. 

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни баррасии ин лоиҳа гуфтааст: “Дар доираи Барномаи мазкур барои ҳадафҳои зикргардида ба Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкатҳои энергетикӣ пешниҳод намудани кӯмакҳои техникию машваратӣ, бо мақсади мусоидат дар ташкили бозори шаффоф ва одилонаи неруи барқ пешбинӣ гардидааст”. 

Вазир дар бораи кадом “бозори шаффоф ва одилонаи нерӯи барқ” дар Тоҷикистон сухан мегӯяд, маълум нест. Шарти бозори шаффоф ин аст, ки ҳамаи ҷузъиёти ин бозор барои ҷомеа ошкору дастрас бошад. Вале мақомот барои соҳиби аслии ин сохтор, яъне мардуми тоҷик аслан маълумоте пешниҳод намекунанд. Агар ҳукумати Толибон намегуфт, ки аз сабаби мушкилоти интиқоли маблағ тариқи бонкҳо, ки сабабаш таҳримҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, натавонистааст маблағи барқро ба Барқи  Тоҷик пардохт намояд, мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ намефаҳмид, ки кишвараш ба Толибон барқ мефурӯшад.

Мутмаинан, вазири энергетика, ки оид ба “шаффоф” будани ин соҳа ҷор мезанад, аммо дар асл фасодзадатарин соҳаи кишвар ба ҳисоб меравад, ҳеҷ гоҳ дар бораи масрафи 15 миллион евро, ки баробар ба 160 миллион сомонӣ аст, ҳисоботе пешниҳод нахоҳад кард. Сабаб маълум аст: ҳамаи ин маблағ ба пуррагӣ ба кисаи бетаги Оила равона мешавад. Соҳаи энергетика аҷаб соҳаи хубу сердаромаде будааст. 

Бо назардошти тренди ҷаҳонӣ, ҳукумати кишвар, аниқтараш Оила акнун мехоҳад аз ҳисоби «иқтисоди сабз» низ кисаҳои худро пур кунад. 

Тавре «Ховар» хабар медиҳад, 6 декабри 2022 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомади иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо сухан гуфт. Гуфта мешавад, дар доираи “дастуру супоришҳо”-и “пешво” дар самти рушди “иқтисоди сабз” дар кишвар корҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд ва ин нуқтаро “пешво” дар паёми худ ҳанӯз декабри 2021 қайд карда будааст. 

“Ҳаҷми маблағгузории стратегияи мазкур 21,6 миллиард сомониро пешбинӣ намудааст, ки дар он дастгирии сармоягузории институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд нақши калидӣ дорад”, — гуфта мешавад дар хабар. Татбиқи ин стратегия бояд соли 2023 оғоз ёбад.

 21,6 миллиард сомонӣ ё 2 миллиарду 145 миллион доллари дигар бояд ба хазинаи кишвар ворид шавад ва барои татбиқи як мафҳуми нофаҳмое дар кишвар, яъне “иқтисоди сабз” масраф шавад. 

Аслан, мафҳуми “иқтисоди сабз” маънои кам кардани таъсири манфии фаъолияти иқтисодии инсон ба муҳити зистро дорад. Моҳияти “иқтисоди сабз” ба рушди устувори иқтисод бо камтарин зарар ба муҳити зистро талаб мекунад. Вале дар кишвар чӣ барномае дар ин соҳа вуҷуд дорад? Чӣ нақшаҳое кашида шудаанд? Чӣ қонунҳоеро парлумон дар ин самт тасвиб кардааст? Барои рушди ин навъи иқтисод амалан чӣ фаъолиятҳое бо соҳибкорон, деҳқонон, ширкатҳои истеҳсолӣ, ширкатҳои канданиҳои кӯҳӣ ва саноати сабуку вазнин гузаронида шудааст? Ҳеҷ чиз. Аслан ҳукумат дар бораи иқтисоди сабз шояд маълумоте ҳам надошта бошад.

Вале Оила хуб медонад, ки аз кадом соҳа метавонад кисаи худро пур кунад. Бинобар ин “пешво” ба ҳукумат вазифа гузоштааст, ки аз куҷое набошад ва ба ҳар роҳе набошад, сармояву қарз, гранту кӯмак ва садақаҳоро ҷамъ намоянд, Оила бошад, аксарияти он ва ё ҳатто ба пуррагӣ ба киса мезанад.

Аллакай Оила азхудкунии беш аз 1,2 миллиард доллар аз ҳисоби буҷаи кишвар, 15 миллион евро аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ва 2 миллиарду 145 миллион доллар аз ҳисоби институтҳои молиявӣ ва шарикони рушдро ба нақша гирифтааст, ки дар маҷмӯъ 3 миллиарду 360 миллион долларро ташкил мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *