Бонки рушди Авруосиё ба Тоҷикистон дар соли 2023 барои иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ 46 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Дар ин бора имрӯз ба рӯзноманигорон дар Алмаато дар паи натиҷаҳои фаъолияти бонк дар соли ҷорӣ муовини раиси Раёсати Бонки Осиёии Рушд Руслан Даленов хабар дод.
Ба гуфтаи Даленов, дар заминаи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ стратегияи кишвар барои Тоҷикистон таҳия шудааст. Дар авоили моҳи декабри соли ҷорӣ барои иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиону 600 ҳазор доллар созишнома ба имзо расид, ки ин нахустин тарҳ дар солҳои ахир аст.
Даленов гуфтааст, самтҳои авлавияти ҳамкориҳои Бонки Авруосиёии Рушд ва Тоҷикистон соҳаи энержӣ, амнияти ғизоӣ ва тиҷорат мебошанд.
Ба гуфтаи Николай Подгузов, раиси раёсати Бонки Осиёии Рушд, дар соли ҷорӣ Бонки Осиёии Рушд 30 тарҳи навро дар кишварҳои узви ин бонк сармоягузорӣ мекунад.
Маблағи умумии лоиҳаҳо 2 миллиарду 500 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ин назар ба 1 миллиарду 300 миллион доллари дар аввал пешбинишуда қариб ду баробар зиёд аст.
Ба гуфтаи Подгузов, феълан сандуқи сармоягузории ин бонк 5 миллиарду 200 миллион долларро ташкил медиҳад.
Подгузов ҳамчунин гуфта, ки дар соли 2023 сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои нав ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион доллар дар назар аст.
Раиси Раёсати Бонки Осиёии Рушд ҳамчунин гуфта, ки дар соли ҷорӣ бонк ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион доллар сармоя ҷалб кардааст.