Рубрики Хабарҳо

Ихтисоси $50 млн кумаки бебозгашти БҶ барои беҳбуди сифати таҳсил дар Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) барои беҳбуди сифати таҳсил дар Тоҷикистон 50 миллион доллар кумаки бебозгашт ихтисос медиҳад. 

Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки созишнома дар бораи маблағгузории лоиҳаи «Муҳити таълимӣ – асоси таълими босифат»-ро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Сүйим ба имзо расониданд.

Дар иттилоияи вазорат гуфта шудааст, ки «ҳадафи асосии лоиҳа беҳбуди сифати шароити таълим ва муҳити таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумии интихобшуда мебошад»

Ба иттилои манбаъ арзиши умумии лоиҳа барои солҳои 2023-2029 пешбинӣ шуда, дар шакли грант 50 миллион долларро ташкил медиҳад.

Инчунин созишнома дар бораи маблағгузории лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва мутобиқсозии иқтисодӣ ба имзо расид. Ҳадафи он ҳимояи табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва такмили сохтори ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. Ба гуфтаи вазорат, арзиши умумии ин тарҳ 37 миллиону 500 ҳазор доллар буда, бояд дар соли 2027 анҷом шавад.

Бояд гуфт, вазорати маорифи Тоҷикистон фасодзадатарин ниҳод буда, сифати таълим дар кишвар дар ҳоли нигаронкунанда боқӣ мондааст. Ҳамасола, миллионҳо доллар гранту кумакҳои институтҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, ки ба вазорати маориф сарозер мешаванд, аксаран ғайримақсаднок истифода шуда, танҳо як гуруҳи муайян ин маблағҳоро обу лой мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *