Рубрики Хабарҳо

“Рақс бошад, суруд бошад”. Тоҷикистон базму ҷашнҳоро аз сар мегирад

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад. Қарор аст дар Хуҷанд ҷашни Сада бо шукӯҳ ҷашн гирифта шавад ва раисиҷумҳури Тоҷикистон дар он ширкат мекунад. Дар замони пандеми Тоҷикистон ҷашнҳои серодамро манъ карда буд, аммо ҳафтае қабл Эмомалӣ Раҳмон аз пирӯзӣ бар вируси коруно хабар дод.

Тибқи иттилоъи манобеъи Паём маблағи ин ҷашн аз соҳибкорони маҳаллӣ ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳамчунин аз соҳибкорон “барои тӯҳфа ба пешвои миллат” низ маблағ гирифтаанд. Маълум нест мақомоти Суғд чӣ тӯҳфае ба раисҷумҳур мехоҳанд тақдим кунанд. 

Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар чорабинии фурӯшу муаррифии ниҳолу дарахтони ороишиву мевадеҳ, ки рӯзҳои 5-6 ва 7-уми феврал дар Қасри Арбоб доир мегардад, иштирок кунад.

Тибқи иттилоъи Азия Плюс дар назар аст, дар ин сафар раисҷумҳур дар кушодашавии чанде аз корхонаҳои истеҳсолӣ, боғҳои супер интенсивӣ дар шаҳри Хуҷанд ва чанде аз шаҳру навоҳии атрофи он ширкат намояд. Дар шаҳри Хуҷанд қарор аст бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон се корхонаи саноатӣ ба баҳрабардорӣ супурда шавад. 

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят аз имрӯз 2-юми феврал оғоз шуда то анҷоми ҳафта идома мекунад. 

“Иди Сада, фурӯши ниҳолу гулбутаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи вилоятӣ санаҳои 5-6 ва 7-уми феврал дар Қасри Арбоб бо шукӯҳи хосе таҷлил мешавад. Дар ин ҷо тахмин 1 миллион дона дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

БДА вилояти Суғд эълон карда, ки ҳаракати ҳамагуна намуди воситаи нақлиёт дар давоми панҷ рӯзи оянда дар якчанд кӯча ва шоҳроҳҳоро муваққатан маҳдуд мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *