11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Аморот бо Исроил тавофуқномаи фарогири шарикии иқтисодӣ имзо кард

Амороти муттаҳидаи арабӣ ва Исроил ҳафтаи гузашта бо ҳадафи тақвияти тиҷорат ва сармоягузории ғайринафтӣ байни ду кишвар, тавофуқномаи фарогири мушорикати иқтисодӣ имзо карданд. 

Ин хабаре буд, ки рӯзи якшанбе аз сӯи Тани ибни Аҳмад Ал-Зайдӣ, вазири бозаргонии хориҷии Аморот муттаҳида арабӣ дар паёми твиттерӣ эълом шуд. Ў тасреҳ кард: “ин паймони тиҷорӣ ва сармоягузорӣ, арзиши тиҷорати ғайринафтии дуҷонибаро тайи панҷ сол ба беш аз 10 миллиард доллар афзоиш хоҳад дод.” 

Вазири бозаргонии хориҷии Амороти муттаҳида арабӣ дар идомаи ин паём навишт: “мо бо имзо тавофуқи ҷомеъи мушорикати иқтисодӣ, оғози фасли ҷадидеро дар таърихи Ховари Миёна рақам задем.” 

Ба гуфтаи Ал-Зайдӣ ин тавофуқ “боиси тасреъи рушди иқтисодӣ ва эҷоди ҷойҳои корӣ мешавад. Зимни он ки даврони тозае аз сулҳ, субот ва рифоҳ дар саросари минтақаро низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.” 

Исроил ва Аморот ноябри 2021 музокироти муқаддамотеро барои дастёбӣ ба як тавофуқ дар заминаи ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ оғоз карда буданд. Ин музокирот дар ниҳоят моҳи апрел ба поён расид. 

Тавофуқи фарогири мушорикати иқтисодии Аморот бо Исроил дар воқеъ дувумин мувофиқатнома аз навъи худ аст, ки Абу-Дабӣ пештар дар моҳи феврал мушобеҳи онро бо Ҳинд имзо карда буд. 

Пойгоҳи хабарии Амороти “Нейшнл нюз” дар гузориши худ овардааст, ки Амороти муттаҳида арабӣ ҳамзамон музокироти тиҷорӣ бо чандин кишвари дигар аз ҷумла Индонезия ва Кореяи ҷанубиро низ пеш мебарад. 

Тавофуқи фарогири мушорикати иқтисодӣ мавсум ба “Сепа” (Cepa), ки пас аз чандин моҳи музокира дар ниҳоят сешанбеи гузашта миёни намояндагони аморотӣ ва исроилӣ имзо шуд, нахустин паймони тиҷории бузурги Исроил бо як кишвари арабӣ маҳсуб мешавад. 

Тани ибни Аҳмад Ал-Зайдӣ, вазири бозаргони хориҷии Амороти муттаҳида арабӣ мӯътақид аст, ки ин тавофуқ “бар пояҳои пайвандҳои қавии эҷодшуда ба воситаи тавофуқномаи Иброҳим” устувор шудааст. 

Дар баёнияи вазорати иқтисоди Аморот омадааст, ки ба мӯҷиби ин қарордод, 96 дарсад колоҳое, ки беш аз 90 дарсад даромадҳои содиротиро рақам мезананд аз таърифаҳои гумрукӣ озод хоҳанд шуд. 

Вазири иқтисоди Аморот пас аз имзои ин тавофуқ ба ҳамроҳи ҳамтои исроилии худ гуфт: “Амороти муттаҳида арабӣ ба бардоштани гомҳои баландпарвозона барои пешрафти иқтисод ва боло бардоштани ҷойгоҳи кишвар ба унвони як маркази бузурги тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва санъат дар минтақа идома медиҳад. Тавофуқи ҷомеъи мушорикати иқтисодӣ бо Исроил як улгуи ҷадид барои минтақа эҷод хоҳад кард.” 

Тиҷорати ғайринафтии Амороти муттаҳида арабӣ дар се моҳи нахусти соли ҷорӣ  ба 1.06 миллиард доллар расид, ки ин мизон панҷ баробари кулли муддати мушобеҳ дар соли 2021 унвон шудааст

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *