Кумитаи ҳимоят аз журналистон ё Committe to Protect Journalists (CPJ) боздошти журналистон Хушрӯз Ҷумаев ва Улфатхоним Мамадшоеваро даҳшатовар номида, аз мақомоти Тоҷикистон онҳоро билофосила озод кунанд.
“Мақомоти Тоҷикистон бояд билофосила журналистон Хушрӯза Ҷумаев ва Улфатхоним Мамадшоеваро озод кунанд ва ба зиндон кашидани намояндагони матбуот ба хотири фаъолияташонро бас кунанд” — омадааст дар баёнияи ин кумита, ки имрӯз, сешанбе 13 декабр нашр шуд.
CPJ бо истинод ба истинод ба Радиои Озодӣ ва як манбаъи худаш навиштааст, Додгоҳи олии Тоҷикистон чанде қабл Ҷумаевро, ки бо тахаллуси Хушом Ғулом фаъолият мекард, ба узвият дар созмони ҷиноӣ муттаҳам ва ӯро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳамчунин журналист ва ҳомии ҳуқуқ Мамадшоеваро тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ ба 21 ва тибқи иттилоъи манбаъи CPJ ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст.
“Қарори шокикунандаи мақомоти Тоҷикистон мабнӣ ба ҳукми зиндони Хушрӯз Ҷумаев ва Мамадшоева, аз ҷумла ҳукми бистсолаи Мамадшоеваи 65-сола, ки метавонад боқимондаи ҳаёташро дар зиндон гузаронад, даҳшатовар аст — гуфтааст намояндаи CPJ дар аврупо ва Осиёи Марказӣ Гулноза Саид. — Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ далели қонеъкунандае дар бораи ин иттиҳомот ироа накард ва махфӣ будани мурофиа комилан беасос аст. Мамадшоева ва Ҷумаев бояд билофосила озод карда шуда, ба онҳо иҷозаи кор дода шавад”.
Дар баёния гуфта мешавад, Кумитаи ҳимоят аз журналистон бо ирсоли номаҳо аз Додгоҳи олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон дархост кардааст далоили ин ҳукмҳо ва иттиҳомотро равшан кунанд, аммо ҳеҷ посухе нагирифтааст.
Қаблан Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеъаш хабар дода буд Улфатхоним Мамадшоева аз ҷумла бо гуноҳи “даъват ба сарнагунии ҳукумат” ва барангехтани нооромиҳо дар Хоруғ ба 21 соли зиндон маҳкум шудааст.
Азбаски муҳокимаи ӯ пушти дарҳои баста сурат мегирифт, маълум нест, зимни сухани охиринаш дар додгоҳ чӣ гуфтааст ва оё аз ин ҳукм шикоят мекунад, ё не. Улфатхоним Мамадшоеваи 65-сола ҳамчун журналисти мустақил кор мекард ва муассиси созмони ғайриҳукуматии “Номус ва инсоф” буд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро яке аз тарҳрезони нооромиҳо дар Хоруғ номида, дар як филме намоиш доданд, ки гӯё эътироф мекард, ки дар барангехтани эътирозҳо дар вилоят даст дошт.
Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки филм сохта аст ва мақомоти интизомӣ ӯро бо зӯру таҳдид мабҷур карданд, ки эътирофоти навиштаи онҳоро бихонад. Худаш ҳам пеш аз боздошт дар тобистони имсол гуфта буд, ки ҳеч кори хато ва ё қонуншикание накардааст. Улфатхоним Мамадшоеваро кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 18-уми май дастгир карданд.
Бародари ӯ, Хурсанд Мамадшоев, ки аз фаъолони дигари маданӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буд, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст. Ду манбаъи огоҳ аз парванда ба кумита гуфтаанд, ки мурофиа паси дарҳои баста дар боздоштгоҳ сурат гирифт ва ба наздиконашон иҷозаи ҳузур дар мурофиаро надоданд. Хурсанд Мамадшоев ҳам узви Комиссияи 44 як гуруҳи иборат аз фаъолони маданӣ буд, ки нооромиҳои соли гузашта дар Бадахшонро таҳқиқ мекард. Ӯ ба ташкили гирдиҳамоиҳо ва таъсиси созмони ҷиноӣ муттаҳам мешуд. Иддаое, ки наздиконаш рад кардаанд.
Дар ин миён ҷазои сахттаринро ба Фаромуз Иргашев, яке аз фаъолони мадании дигар аз Бадахшон додаанд, ки мехост, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ширкат кунад ва ошкоро аз ин қасдаш эълом кард. Коре, ки дар Тоҷикистон аксарият ҷуръати онро надоранд.
Дар бораи судури ҳукми додгоҳ Гулчеҳра Акимбекова, ҳамсари Фаромуз Иргашев рӯзи 9-уми декабр дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод. Ҳарчанд ӯ нагуфтааст, ки ҳукм кай содир шуд, вале навиштааст, зоҳиран 30 соли оянда ва ё “то охири умр” бо суолҳои “чаро ва барои кадом коре” зиндагӣ хоҳад кард. Ӯ афзудааст: “Суолҳое, ки на аз Худованд ва на аз инсоне барои онҳо ҷавоб гирифта наметавонам.”
Фаромуз Иргашевро додситонӣ ба ҷиноятҳои сангин аз ҷумла ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам мекард ва рӯзи 1-уми декабр аз додрас хоста буд, ӯро ба 30 соли зиндон маҳкум кунад. Сӣ соли зиндон баъди зиндони якумрӣ бадтарин ҷазо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Фаромуз Иргашев Улфатхониму бародараш мисли даҳҳо фаъоли дигари бадахшонӣ тобистони имсол бо иттиҳоми даст доштан дар беназмиҳо дар Хоруғу Рӯшон боздошт шуданд.
Фаъоли дигари маданӣ ва блогере, ки ин ҳафта бо ҳукми Додгоҳи олӣ акнун бояд 8 солро паси панҷара сипарӣ кунад, Хушрӯз Ҷумъаевро низ моҳи май кормандони вазорати умури дохилӣ дастгир карданд. Хушрӯз Ҷумъаев ҳам ба созмондеҳии тазоҳурот дар Хоруғ ва Рӯшон ва даъват барои сарнагунии ҳукумат муттаҳам мешуд.
Пештар аз нашри ин гузоришҳо вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 8-уми декабр бо нашри як баёнияи кутоҳ гуфт, аз гузоришҳо дар бораи ҷазоҳои сахт ба хабарнигорон, блогерҳо, фаъолони маданӣ, ки аз ҳуқуқи худашон барои озодии баён истифода бурдаанд, сахт нигарон аст. Дар баёнияи кутоҳи вазорат дар Твиттер омадааст: ”Мо тақозо мекунем, муҳокимаҳо озоду одилона сурат бигирад ва афроде, ки ноодилона зиндонӣ шудаанд, озод карда шаванд ва озодии баён ҳимоят карда шавад.“
Боздошт ва ба зиндон андохтани фаъолони маданӣ аз Бадахшон, ки мардумаш аз аққалиятҳои миллӣ ба ҳисоб мераванд, баъди моҳи май оғоз ёфт. Баъди онки дар ноҳияи Рӯшон мардум як роҳеро бастанд ва эътироз карданд. Дар натиҷаи истифодаи неру ба зидди тазоҳургарон даҳҳо нафар кушта шуданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошти фаъолони маданӣ ва хабарнигорон борҳо ва сахт танқид карданд. Аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар моҳи август аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба муҳокимаҳои «ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад. Ин созмон гуфт: «Мақомоти Тоҷикистон бояд ба ин беадолатиҳо хотима дода, ба аҳдномаҳои байналмилалии худ барои таъмини муҳокимаҳои одилона пойбанд бошанд.»