10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Роҳи Душанбе Хуҷанд боз баста шуд

Пас аз бозшавии ҳамагӣ 5 соата, роҳи Душанбе — Хуҷанд боз баста шуд. Сабаби он дар фаромадани тармаи нав дар наздикии нақби шаҳристон гуфта мешавад.

Субҳи имрӯз роҳи байни ҷанубу шимоли кишвар ба тарзи яктарафа куҳода шуда буд. Тибқи ҷадвали эълонкардаи мақомот, роҳ барои ҳаракат аз Душанбе ба Хуҷанд рӯзҳои тоқ, ва барои ҳаракати баръакси он рӯзҳои ҷуфт аз субҳи имрӯз боз гашта буд.

Аммо фаромадани тарма соати 13.06 дақиқа роҳро дубора баст. Мошинҳои ҷамъшуда дар онҷо беш аз 100 то гуфта мешавад.

Рӯзи шанбе фаромадани беш аз 50 тарма дар ин роҳ онро барои беш аз як шабоанрӯз баста, боиси марги 6 нафар гашта буд.

Дар паи баста шудани роҳи асосии кишвар, садҳо нафар сокинон рӯ ба фурӯдгоҳ овардаанд, ки боиси болоравии ранхи билети ҳавопаймо шудааст. тибқи иттилои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, баъзе аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ билети самти Душанбе — Хуҷандро то 1400 сомонӣ нархгузорӣ кардаанд.

2 роҳи пеши рӯи Убайдуллоев

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *