11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ҷаримаву пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 6% гаронтар мешаванд

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли ояндаи 2023,  6,25% — аз 64 сомонӣ ба 68 сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин бора дар қонуни қабулшуда “Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023” омадааст.

Ин нишондиҳанда дар буҷети давлатӣ бо назардошти пешбинии сатҳи таваррум барои соли дахлдор муқаррар шудааст.

Ин нишондиҳанда барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо, пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин барои ҳисоб кардани арзиши муайяни хароҷоти маржиналӣ (поён ё болоӣ), имтиёзҳои иҷтимоӣ ва кӯмакпулиҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.

Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо то соли 2019 дар ду сол як маротиба ва баъди 2019 ҳар сол меафзояд.

Ҳамин тариқ  нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 40 сомонӣ дар солҳои 2015 то ба 64 сомонӣ дар соли 2023 расидааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *