Рубрики Хабарҳо

Беларус “баррасии изтирорӣ”-и омодагии артишро оғоз кард

Вазорати дифоъи Беларус рӯзи сешанбе эълом кард, ки баррасии изтирории барномарезинашудаи омодагии размии артиши ин кишварро оғоз кардааст. 

Интишори баёнияи вазорати дифоъи ин кишвар Аврупои шарқӣ нигарониҳоеро нисбат ба эҳтимоли вуруди мустақими Минск, муттаҳиди наздики Маскав ба ҷанги Укроин тақвият кардааст. 

Ин дар ҳолест, ки мақомоти давлатӣ дар Беларус пештар зимни дар ихтиёр гузоштани хоки кишварашон барои анҷоми ҳамалоте аз сӯи артиши Русия ба хоки Укроин таъкид карда буданд, ки қасди ҳамроҳӣ бо ин нерӯҳо ва вуруди мустақим ба ҷангро надоранд. 

Дар ин баёния омадааст, ки артиши Беларус ба дастури Александр Лукашенко, раисҷумҳури ин кишвар омӯзишҳо ва тамринҳои фарогир ва ҳамаҷонибаро оғоз мекунад. 

Александр Волфович, дабири кулли Шӯрои амнияти миллии Беларус дар ин хусус гуфт: “вазифаҳо ва маъмуриятҳо бар асоси таҷзия ва таҳлили таҷрибаи амалиёти вижаи низомӣ дар Укроин таъйин хоҳад шуд.” 

Вай афзуд: нерӯҳои Беларус дар чорчуби размоишҳои ояндаи амалиётӣ чун “пешравӣ дар фосилаҳои тӯлонӣ ва манотиқи ноошно аз майдон”, “таҳти назорат гирифтани ашёъи мухталиф” ва анҷоми вазифаҳои тактикӣ ва размиро тамрин хоҳанд кард. 

Артиши Русия пештар аз хоки Беларус ба унвони пойгоҳе барои анҷоми амалиёти низомӣ ва низ партоби мушак ва паҳпод ба нуқоти мухталифи Укроин истифода кардааст. 

Бо ин ҳол, артиши 45-ҳазорнафарии Беларус ҳанӯз ба сурати мустақим дар таҳоҷуми низомӣ ба хоки Укроин бо низомиёни Маскав мушорикат накардааст. 

Маскав ва Минск моҳи гузашта бар сари эҷоди як “гурӯҳи муштараки минтақаӣ аз нерӯҳои низомӣ” ба тавофуқ расиданд ва дар натиҷаи он 9 ҳазор сарбоз дар Беларус мустақар шуданд. 

Бо ин ҳол, артиши Укроин субҳи сешанбе дар охирин барӯзрасонии гузоришҳои худ эълом кард, ки “нишонаҳое аз ташкили як гурӯҳи таҳоҷумӣ” дар хоки Беларус мушоҳида накардааст. 

Ҳамзамон як гурӯҳи дидабон ва назорати беларусӣ гузориш додааст, ки нерӯҳои артиши Русия дар дохили Беларус таҷҳизотро ба самти марзи Укроин пеш бурдаанд. 

Таҳлилгарон ҳамчунин аз эҳтимоли ин ки нерӯҳои Беларус бо ҳаракат ба самти Ғарб, шаҳрҳои Лвов ва Лутск, марокизи муҳими пуштибонии кумакҳои низомиро мавриди ҳамла қарор диҳанд, ибрози нигаронӣ кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *