Бонки исломии рушд барои рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон 9,5 миллион доллар ҷудо намуд.
Ба иттилои хабаргузории “Saudi press agency” Бонки исломии рушд дар нишасти солона Шӯрои мудирони иҷроияи Бонк зери раёсати Муҳаммад Ал-Ҷассер, Раиси Бонки мазкур буҷаи солонаи бонкро барои соли 2023 тасдиқ намудаанд.
Дар ин буҷа барои роҳандозии тарҳҳои нави рушд дар 11 кишвари олам маблағи умумии 363 миллиону 300 ҳазор доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
“Инчунин Бонки исломии рушд, ки қароргоҳи он дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷойгир шудааст, барои рушди соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи маблағгузории иловагиро ба маблағи 9,5 миллион доллар тасдиқ кардааст.
Бонки исломии рушд яке аз бонкҳои бонуфуз дар ҷаҳон ба шумор рафта, филиалҳои он дар бисёр кишварҳо ҷойгир шудаанд.
Дороиҳои амалиётии бонк зиёда аз 16 миллиард ва сармояи оинномавии он 70 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.