Categories Хабарҳо

Бунёди Бузургмеҳр аз мақомоти Олмон хост Абдуллоҳи Шамсиддинро истирдод накунанд

Бунёди Бузургмеҳр бо нашри як баёния ба тамоми мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ғайри қобили қабул будани ихроҷи фаъоли тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддин муроҷиат кард.

Дар баёния гуфта шудааст, ки “Тоҷикистон кишваре аст, ки режими диктатории ҳукмронӣ мекунад. Дар Тоҷикистон фаъолияти мухолифон ва ҳар гуна талош барои демократия муҷозоти шадид дорад. Дар кишвар додгоҳи мустақил вуҷуд надорад, адвокатура таҳти фишори давлатӣ қарор дорад.”

Бунёди Бузургмеҳр менависад, Абдуллоҳи Шамсиддин баробари ба Тоҷикистон ихроҷ шуданаш ба далели писар ва хеши муассисони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буданаш, ӯро ба боздошт, шиканҷа ва ба солиёни дароз зиндонӣ шудан рӯ ба рӯ мекунад.

Дар баёния омадааст, Азбаски дар кишвар додгоҳи мустақил ва адвокатӣ вуҷуд надорад ва ҳамчунин фишор болои рӯзноманигорон ва наздикони мухолифони боздоштшуда ё наздикони онҳо вуҷуд дорад, имкони пайгирии воқеан сарнавишти Абдуллоҳи Шамсиддин вуҷуд надорад. Мақомот дар бораи ин гуна парвандаҳои ҷиноӣ изҳори назар намекунанд ва мурофиаҳо пушти дарҳои баста сурат мегиранд.”

Бо ин даделҳои овардашуда Бунёди Бузургмеҳр аз мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Федеративии Олмон талаб кардааст, ки қарори депортатсияи Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон бозбинӣ намоянд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *