11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Тоҷикистон шомили кишварҳое шуд, ки журналистонро бештар зиндон мекунанд

Созмони байналмилалии «Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон» Тоҷикистонро ба феҳрасти 12 кишвари ҷаҳон шомил кардааст, ки рӯзноманигоронро бештар зиндонӣ кардааст.

Дар гузориши ин созмон, ки рӯзи 14-уми декабр нашр шуд, гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон шаш рӯзноманигор ба мӯҳлатҳои мухталиф маҳкум ба зиндон шудаанд, ки шумори баландтарин дар Осиёи Марказӣ аст.

Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки мурофиаи хабарнигорон дар толори додгоҳ набуда, вале дар СИЗО паси дарҳои баста сурат гирифтааст, бархе аз боздоштшудаҳо аз шиканҷа шикоят кардаанд.

Рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик Далер Имомалӣ, Абдулло Гурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Улфатоним Мамадшоева, Муҳаммадӣ Султон ва Хушрӯз Ҷумаев ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуданд. Онҳо, аз ҷумла, ба паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ширкат дар ҷомеаи ифротӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ муттаҳам шуданд. Худи рӯзноманигорон ва наздиконашон ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Бархе аз созмонҳои байнулмилалӣ барои раҳоии рӯзноманигорон ва блогерҳо даъват кардаанд. Аммо ҷониби мақомоти Тоҷикистон ин даъватҳоро писанд накардааст.

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон қайд мекунад, ки то 1 декабри соли 2022 363 хабарнигор зиндонӣ шудаанд, ки рекорди нави ҷаҳонӣ мебошад, ки нисбат ба рекорди соли гузашта 20% зиёдтар аст. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *