Рубрики Хабарҳо

Қатар нисбат ба “таъсири манфӣ”-и тадбирҳои парлумони Аврупо ҳушдор дод

Давлати Қатар рӯзи якшанбе ҳушдор дод, ки тадбирҳои мавриди назари парлумони Аврупо дар вокуниш ба расвоии молӣ дар ин ниҳод “таъсири манфӣ” бар равобит бо ин кишвар ва таъмини энержӣ дар сатҳи ҷаҳон хоҳад гузошт. 

Парлумони Аврупо дар назар дорад дастрасии мақомҳои қатарӣ ба ин ниҳод ва намояндагони онро қатъ кунад. Ева Кайлӣ, ноиби раиси барканоршудаи парлумони Аврупо ҳафтаи гузашта ба шубҳаи дарёфти ришва аз Қатар боздошт шуд. Пулиси Белгия дар ҳоли таҳқиқ дар бораи пардохти ришва ба Ева Кайлӣ аз сӯи Қатар дар ивази мавзеъгириҳои сиёсӣ ба нафъи Доха аст. 

Намояндагони парлумони Аврупо рӯзи панҷшанбе хостори ҷилавгирӣ аз дастрасии намояндагони Қатар ба ин ниҳоди аврупоӣ дар давраи таҳқиқ дар бораи парвандаи фасоди молӣ шуданд. Роберто Метсола, раиси парлумони Аврупо қарор аст дар ин бора тасмимгирӣ кунад. 

Яке аз дипломатҳои Қатар рӯзи якшанбе дар вокуниш ба ин тарҳ гуфт: “тасмим барои эъмоли маҳдудияте то ин ҳадд табъизомез алайҳи Қатар, ки гуфтугӯ ва ҳамкориро пеш аз таҳқиқи қазоӣ маҳдуд мекунад, таъсири манфӣ бар рӯй ҳамкории минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва ҳамчунин гуфтугӯҳо дар бораи амнияти таъмини энергии ҷаҳон ва камбудҳои он хоҳад гузошт.” 

Қатар яке аз аслитарин содиркунандагони гази табии моеъ дар сатҳи ҷаҳон аст. Кишварҳои аврупоӣ пас аз таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин ба думболи ҷуброни вобастагии худ ба воридоти газ аз Русия ҳастанд. 

Давлати Қатар “қотеъона” иттиҳомҳои матраҳшуда дар расонаҳо мабнӣ бар пардохти ришва ба намояндагони парлумони Аврупоро рад кардааст. 

Роберто Метсоло рӯзи панҷшанбе гуфта буд, ки “ду мулоқот” бо намояндагони давлати Қатар дар Брюссел анҷом дода, аммо дархости онҳо барои суханронӣ дар парлумони Аврупоро рад кардааст. Раиси парлумони Аврупо афзуда буд, ки даъвати Қатар барои сафар ба ин кишвар ҳамзамон бо баргузории Ҷоми ҷаҳонии футболро ба далели “нигарониҳои” мавҷуд дар иртибот бо ин кишвари ҳошияи Халиҷи Форс напазируфтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *