Рубрики Хабарҳо

Грантборон: ду гранти дигар наздик ба $60 млн ба Тоҷикистон

Бонки Осиёии Рушд (БОР) рӯзи ба ҳукумати Тоҷикистон дар беҳбуди суботи бахши бонкӣ, тавсеъаи бахши молии ғайрибонкӣ ва таҳкими мудирияти молияро ба маблағи 50 миллион доллар кумаки бебозгашт медҳад.

Дирӯз 15 декабр созишномаи грантиро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл дар Душанбе  имзо карданд.

Ин грант дар асоси сиёсат марҳилаи дуюми Барномаи такмили бахши молиявӣ ва идоракунии молиявӣ мебошад. Тибқи барномаи мазкур бояд ҳукумат дар амалӣ намудани ислоҳоти сохтории муҳим, ки ба рушди устувор ва фарогири иқтисодии бахши хусусӣ мусоидат мекунад, ин маблағро сарф кунад.

Ҳамчунин Иттиҳодияи Аврупо тавассути Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои татбиқи лоиҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар минтақаи Кулоб грант ҷудо мекунад. Маблағи умумии ин созишномаи грантӣ 7,5 миллион евро буда, аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад.

Ҳадафи асосии лоиҳа бунёд ва барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтар намудани сифат, безараргардонӣ ва таъмини аҳолии шаҳри Кӯлоб бо оби тозаи ошомиданӣ мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *