Имрӯз, 8-уми июл дар шаҳри Душанбе дар таърихи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) нахустин чемпионати байни дастаҳои мунтахаби занона оғоз шуд. Панҷ даста – Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон барои медалҳо ва унвони пурқувваттарин тими минтақа мубориза мебаранд.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии федерасиюни футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар остонаи оғози мусобиқоти қаҳрамонии занони CAFA-2022 дар Душанбе ҷаласаи пеш аз мусобиқа баргузор шуд.
Дар ин мусобиқот дар Душанбе, ки аз 8 то 20 июл баргузор мешавад, Ҳомид Моменӣ (Эрон) ва Нигора Абидова (Узбакистон) нақши комиссаронро иҷро мекунанд.
Бозиҳои қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занонаро доварон аз панҷ кишвар – Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон доварӣ мекунанд. Дар ин бозӣ кишвари моро довари ФИФА Нодира Мирзоева ва ёвари довари ФИФА Дилшод Раҳмонова намояндагӣ мекунанд.
Дар маҷмӯъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.