Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хостааст Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷикро, ба 7 соли зиндон маҳкум кунад. Мурофиаи ӯ охири ҳафтаи гузашта дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе баргузор шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба яке аз наздикони Пирмуҳаммадзода хабар медиҳад.
Қаблан Пирмуҳаммадзода дар номае аз шиканҷа шуданаш шикоят карда буд ва Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳокимаи Пирмуҳаммадзодаро боздошт ва аз Додситонии кулли Тоҷикистон хост, ки шикояти ӯро дар бораи шиканҷа шуданаш таҳқиқ кунад. Мақомот то ҳол дар бораи натиҷаи ин таҳқиқ чизе нагуфтаанд.
Мурофиаи додгоҳии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 13-уми октябр дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе оғоз шуд, вале наздиконро ба он роҳ надода буданд. Ду ҳафта баъд аз шуруи мурофиа, Пирмуҳаммадзода дар номае аз дохили боздоштгоҳ навишт, ӯро шиканҷа карданд то гуноҳи нокардаашро ба дӯш гирад.
“Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам,” – навишта буд рӯзноманигор.