Ҳама самтҳои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба рафъи вобастагии ғайримустақим аз Федератсияи Русия нигаронида шудаанд. Дар ин бора сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Узбакистон Шарлотта Адриан рӯзи 16 декабр дар мулоқот бо рӯзноманигорон доштааст.
Адриан қайд карда, ки ин самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об ва самаранокии соҳаи энержӣ, инчунин рақамикунониро дар бар мегиранд.
Самти дигаре, ки Иттиҳодияи Аврупо онро дастгирӣ ва ҳимоят мекунад, ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ будааст.
Сафир ҳамчунин ёдовар шуд, ки Иттиҳодияи Аврупо кишварҳои Осиёи Марказиро дар талоши озодии интихоби шарикон дастгирӣ мекунад.
Дар ин бора Ҷозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ низ қаблан гуфта буд.