Рубрики Хабарҳо

Манбаъ: Дилшод Саидмуродов боздошт нашудааст

Дар ҳоле, ки бештари таҳлилгарон бо такя ба хабари ВКД сафари Рамазон Раҳимзода ба Маскавро ба боздошти Дилшод Саидмуродов рабт медиҳанд, манбаъи мӯътамади “Паём”, ки бо ӯ дар тамос будааст, мегӯяд Саидмуродов боздошт нашудааст.

Дилшод Саидмуродов мулаққаб ба “Дилшоди СП” ва “Дилшоди красавчик” аз тарафи мақомот раҳбари гурӯҳи ҷиноие, ки Шӯҳрат Исматуллоевро ба қатл расонд, муаррифӣ мешавад. 

Ду рӯз қабл, 29 август дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Маскав рафтааст, то бо ҳамтои русаш аз ҷумла боздошт ва истирдоди Дилшод Саидмуродов, нафари муттаҳам дар рабудану қатли ноиби раиси «Ориёнбонк»-ро баррасӣ кунад.

“Масъалаи дастгир намудани ҷинояткор Саидмуродов Дилшод вобаста ба гаравгон ва куштори муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ мегардад”, — гуфта мешуд дар иттилоия.

Бегоҳи ҳамон рӯз Вазорати корҳои дохилаи Русия аз боздошти ду гумонбар дар рабудан ва куштори Шуҳрат Исматуллоев дар ин кишвар хабар дод. Дар ҳамин ҳол ин ниҳод аз овардани номи боздоштшудаҳо худдорӣ кард. Ин иттилоъ баъди дидору гуфтугӯи  вазирони корҳои дохилаи Тоҷикистону Русия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев, ки дирӯз, 29 август баргузор гардид, нашр шуд.

Бо такя ба ин маълумоти ВКД, ки  танҳо ду нафар узви гурӯҳи қотили Исматуллоев — Дилшод Саидмуродов ва Акбар Ахмедов ба Русия фирор кардаанд, “Паём” ҳам тахмин зада буд имкон дорад яке аз ин боздоштшудаҳо Дилшод Саидмуродов бошад. 

Аммо манбаъи “Паём” мегӯяд ҳади ақал то дирӯз бегоҳ Саидмуродов дар озодӣ қарор дошт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *