Раисҷумҳури Амрико гуфт, ки тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон мурдааст вале Вашингтон онро ба таври расмӣ эълом намекунад.
Видеое аз Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико (дар ҳошияи яке аз митингҳояш дар 4 ноябр) дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда, ки вай дар он мегӯяд тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон мурдааст.
Дар ин видео, Байден дар ҷавоби яке аз ҳозирон дар хусуси тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон изҳор дошт: ин тавофуқ мурдааст, аммо мо онро ба таври расмӣ эълом намекунем. Далоили зиёде барои ин кор вуҷуд дорад.
Ҷон Кёрби, ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Кохи сафед тайи конфронси онлайнь дар ҷамъи хабарнигорон дар Кохи сафед дар ин бора гуфт: тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон дар ҳоли ҳозир аввлавияти мо нест ва дар дастури кори мо қарор надорад.
Вай бо таъкид бар ин ки ҳеҷ таҳаввул ва пешрафте дар мавриди тавофуқ бо Эрон сурат нагирифтааст, афзуд: аз онҷое, ки Теҳрон ба куштори мардуми худ ва фурӯши ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба Русия идома медиҳад, мо пешбинӣ намекунем, ки ба ин зудӣ тавофуқе иттифоқ биафтад.
Кёрби идома дод, ки дар ҳоли ҳозир ба думболи роҳҳои амалӣ барои мутаваққиф кардани иқдомоти Эрон ҳастанд то тавофуқ.