Биёед бо ҳам оиди дарвозаи васати боғҳои Ҷаннат дида бароем, оиди падар ва ҳадя додан ба ӯ. Бо тақаддуми умр некиҳо фаромӯш карда мешавад. Қуввату зиннати инсон яке паи ҳам каму коста мегардад. То пиртар мегардем, аҳамияти мардум нисбати мо камтар мегардад. Меҳри дигарон низ нопадид шудан мегардад. Ягона меҳру муҳаббате, ки бо гузашти замону тақаддуми умр асло тағйир намеёбад ва ҳамеша рӯ ба шукуфонӣ аст, ин муҳаббати беивази холисонаи волидон мебошад. Фарзанд чандсола аст, дар кадом шароит аст, чӣ дорад, чӣ надорад, ҳамеша муҳибби волидон боқӣ мемонанд. Эҳтирому муҳаббати дигарон одатан марбут ба манфиатҳои шахсиашон мебошад. Одатан барои зебогии шахс, барои обрӯву эътибораш, дигарон ӯро дӯст медоранду ҳурмат мекунанд. Вақте обрӯву эҳтиром, зебогиву ҷавониаш меравад, касе ӯро дӯст намедорад ва мисли пештара эҳтиром намекунанд. Аммо муҳаббати бериёи волидон ҳамеша боқӣ мемонад. Волидон ягона шахсоне ҳастанд, ки танҳо барои он ки ҳастем дӯст медоранд, ба ивази меҳрубониҳояшон бошад, чизе аз мо талабкор нестанд.
Дар дунё ҳар як фарди соҳибвиҷдон кӯшиш мекунад, ба ивази некие, ки аз дигарон дидааст ба онҳо некӣ кунад. Некиҳои дигаронро қадрдонӣ кунад. Мо ҳамеша аз паи мадҳу таърифи некиҳои дар ҳаққамон карда суҳбат мекунем ва ин сифати шахсони бовиҷдону қадрдон аст. Шояд некиҳои дӯстонамон кардаро бишуморему дар ҷойе қайд кунем, аммо некиҳое, ки падар дар ҳаққи фарзанд мекунад, шумор надорад. Агар коғазу қалам ба даст гирифту як ба як некиҳои падарро бинавист, нависандаву қалам хаста мешаванд, аммо некиҳои ногуфтаи падар ҳанӯз боқӣ мемонад. Аз некиҳои падар кофист, ки ба ҷуз хайру салоҳ барои мо чизи дигаре намехоҳад. Тамоми таманниёташ барои фарзандаш ин саодати ҳамешагӣ мебошад. Оре, гоҳе мешавад, ки падар иштибоҳ мекунад, аз даҳонаш сӯхани ноҷое, ва ё фикри хатое медиҳад, аммо ин иштибоҳ на ба хотири бадхоҳӣ, балки ба таври худи падар ба хотири некӣ ба фарзандаш аст.
Бисёриҳо байни ду чиз фарқ намекунанд, байни итоати падар ва байни эҳтироми падар.
Эҳтироми падар дар тамоми ҳолатҳо барои фарзандон воҷиб аст. Падар шахси солеҳ аст ва ё гунаҳгор, донишманд аст ва ё бесавод, фақир аст ва ё сарватманд фарқ намекунад. Фарзанд бояд эҳтиромаш кунад.
Итоати падар бошад, иҷро кардани амру фармоиши падар мебошад. Дар Шариат соҳиби фармоиш танҳо Худованд аст. Мусалмон фармоишҳои дигаронро замоне итоат мекунад,ки бо амри Худованд зид наояд. Падар вақте ба гуноҳ амр мекунад, фармудаашро иҷро намекунанд. Падар вақте ба коре амр мекунад, ки дар он барои фарзанд салоҳ нест, онро низ итоат намекунанд. Падарро замоне итоат мекунанд, ки дар итоаташ ризогии Худованд ва маслиҳати фарзанд вуҷуд дошта бошад. Агар мабодо падар ба гуноҳ амр кунад, ҳақорати мардум, шаробнӯшӣ ва амсоли инҳо, албатта ӯро итоат намекунем.
Дар умури дунявӣ низ чунин аст, баъзан фарзанд истеъдоди варзишӣ дорад, хеле мехоад устоди варзиш гардад, аммо падар пайваста фарзандро амр мекунад, то муаллими забони модарӣ гардад, албатта дар ин ҳолат падар ҳақ надорад ба интихоби тахассуси фарзанд дахолат кунад, фарзанд метавонад бидуни ризои падар барои худ касби муносиб интихоб кунад.
Аммо эҳтироми падар чӣ гунае, ки гуфтем чизи дигар аст. Эҳтироми падар ҳаққи падарро иҷро кардан,ба ивази некиҳояш некӣ кардан мебошад.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
الوالد اوسط ابواب الجنة
Падар дарвозаи васати Ҷаннат аст.
Агар хоҳӣ, ки дохили васати Ҷаннат гардӣ, бо эҳсон кардан ба падар аз он дар дохил шав.
Баъзан бо додани маблағи ночиз, гумон мекунем мо ҳаққи падарро ба ҷо оварда истодаем, ҳол он ки падар ба тамоми амволи мо ҳақ дорад.
Боре марде ба назди Расулаллоҳ омада мегӯяд: Ман моли зиёду фарзанд дорам, падарам бошад мехоҳад, моли маро аз они худ кунад. Паёмбар ба ӯ мегӯянд:
انت و مالك لابيك
Туву амволат аз они падарат ҳастед. (Ибни Моҷа)
Дар шарҳи ҳадис уламо мегӯянд: Маънои ҳадис ин нест, ки падар ҳақ дорад, тамоми моли фарзандро аз худ кунад. Балки маънои ҳадис ин аст, ки дар моли фарзанд ҳаққи падар низ вуҷуд дорад. Фарзанд, пас аз хонадор шудан, одатан тамоми даромади худро сарфи хонаву дару зану фарзанд, зиндагии шахсиаш мекунад, падарро як сӯ мегузорад. Ҳол он ки дар даромади фарзанд насиби падар низ вуҷуд дорад. Падар ҳақ дорад, агар ниёз дошта бошад аз моли фарзанд, ҳатто напурсида истифода кунад.
Вақте оиди эҳтироми падар сӯҳбат мекунем, аввалин дараҷаи эҳтиром ин кӯмакҳои молӣ ба падари мӯҳтоҷ мебошад. Агар падар шароити хуб дошта бошад, ба ҷои пул додан бо ҳадяҳо метавон падарро шод кард. Албатта фарзанди солеҳ медонад, ки падар аз чӣ хушаш меояд. Ба табъи падар нигоҳ карда, ҳадя додан, падарро хеле хурсанд мекунад.
Ба наздики мақтаъи видиёи кӯтоҳаке дида будам. Дар онҷо фарзанде солҳо пул ҷамъ карда, ба падари худ мошин ҳадя мекард. Он ҳам мошине, ки падар тамоми умр орзӯ дошт, соҳиб гардад Падар он қадр шод буд, гӯё хазинаҳои дунёро ба дасташ тӯҳра карданд. Гумон мекунам, шодии падар танҳо ба хотири мошин на, балки ба хотири он буд, ки он мошинро фарзандаш иҳдо кард. Албатта, ҳар як шахс ба шароити моддии худ нигоҳ карда, ба падар ҳадя мекунад. Аммо чизе, ки хеле таассуфовар аст, ин аст, ки баъзеҳо дар рӯзи ид ва ё зодрӯз ба дӯстону ҳамкорон, ҳатто ба бародари ҳамсари худ ҳадя медиҳанд, аммо дар хотир надоранд, ки бори охир кай ба падари худ ҳадя дода буданд.
Боре Абдуллоҳ писари Умар дар сафар буданд ва дар роҳҳои наздикии Макка марди саҳронишинеро мебинанд. Абдуллоҳ он мардро дида ба ӯ салом медиҳанд, сипас ба маркаби худ он саҳронишинро савор мекунанд, сарпӯши дар сар доштаи худро ба сари он мард мепӯшонанд. Он сарпӯшу маркабашон дар он замон хеле гарон буд. Атрофиёни бо Абдуллоҳ ҳамроҳ буда, ба Абдуллоҳ мегӯянд: Абдуллоҳ он мард саҳронишин аст, кофи буд ба ӯ ҳадяи ночизе диҳед, бо камтарин ҳадяи додаатон хурсанд шавон мерафт. Барои чи он ҳама ашёи гаронбаҳо, ҳайвони савор шудаатон, (албатта дар он замон мисли мошин қадр дошт) ва сарпӯши дар сари худатон бударо ба ӯ додед, аслан он саҳронишин кӣ буд, ки ин қадар ӯро эҳтиром кардед?
Абдуллоҳ мегӯянд: Падари ин саҳронишин бо падари ман Умари Хаттоб дӯстӣ дошт. Ин саҳронишин фарзанди дӯсти падари ман аст. Ман шунидам, ки Паёмбар мегуфтанд:
أن ابر البر صلة الرجل اهل ود ابيه
Беҳтарин эҳсон ба падар, беҳтарин эҳтироми падар ин аст, ки бо дӯстони падар рафту омад кунӣ. Аз аҳволи ёру дустони падар пурсон шавӣ
Вақте Абдуллоҳ писари Умар ба фарзанди рафиқи падарашон маркабу либоси гаронбаҳои танашонро тӯҳфа доданд, ба рафиқи падарашон чӣ гуна муомила мекурда бошанд, бо падари худ чӣ гуна муомила мекарда бошанд.
Ҳадя додан ба падар рӯзи муайян надорад. Дар рӯзҳои ид ва ғайри ид падар сазовори ҳадя мебошад. Одатан падарҳо одат доранд аз роҳҳои дур ба фарзандон ҳадя фиристанд. Имрӯз, ки аксари мо дар ҳиҷрат ҳастем, аз роҳҳои дури муҳоҷират ҳадяҳои кӯчакӯ бузург чӣ қадар падарони бузургворро шод мекунад.
То замоне, ки падар дар ҳаёт ҳаст, беҳтарин фурсат барои касби аҷру баракати мол ин дуои падар, хушҳолии падар мебошад.
Агар бо кисмати Парвардигор падар аз дунё рафта бошад, дуо кардан дар ҳаққаш, аз номи падар амалҳои солеҳ анҷом додан ҳадя аст. Инчунин рафту омад бо дӯстони падари фавтида онҳоро шод кардан, аз болотарин некӣ дар ҳаққи падар мебошад.
Муслимаи Аҳмадӣ