Наздик ба ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Қазоқистон ва Узбекистон, дар гузаргоҳи “Жибек Жоли” дармондаанд ва аз мақомот талаб доранд, ки барои бозгашти онҳо ба Ватан кумак кунанд.
Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти Тоҷикистон ҳафтае пеш муҳоҷиронро аз ин гузаргоҳи марзӣ оварда буд. Дар ин муддат боз гурӯҳи бузурги муҳоҷирон ҷамъ шудаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон гуфтанд, рӯзи 1-уми июл 100 кӯдак ва афроди солхӯрдаро ба кишвар бармегардонанд. Ҳоло маълум нест онҳо рӯзи гузашта баргаштанд ва ё хайр.
Радиои Озодӣ хабар дод, ки рӯзи 1-уми июл чанде аз муҳоҷирон аз гузаргоҳи “Жибек Жоли” дар марзи Қазоқистону Узбекистон гуфтаанд, ки айни замон дар он ҷо наздик ба ҳазор нафар ҷамъ шудаанд.
Беш аз 600 мусофир рӯзи гузашта ба марз расидаанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон онҳоро дар шаҳри Алмато ба чанд мусофирбар савор карданд ва қарор буд то ба Тоҷикистон расонанд.
Илҳом Бобиев, яке аз мусофирон, гуфтааст, “шаби 30-уми июн, соати 12-и шаб, дар 7 автобус моро ба ин ҷо оварданд. Ба мо гуфта буданд, то марзи Тоҷикистон мебаранд. Оварда, дар ҳамин ҷо партофтанд. Акнун намедонем чӣ кор кунем”.
Аммо сафорати Тоҷикикистон дар Қазоқистон ин иддаои муҳоҷиронро нодуруст хонд ва гуфт, автобусҳо на аз Алмато, балки аз қаламрави Узбекистон ташкил карда мешаванд.