Рубрики Хабарҳо

Боз мардумро фиреб карданд. Дар хатсайрҳои “башардӯстона” асосан мардони ҷавон (Навор)

“Иқдоми башардӯстона”- и ҳукумати Тоҷикистон, дар шакли хатсайрҳои чартерӣ барои ба ватан баргардонидани дармондагон, ки чун “ғамхории “пешвои миллат” ба мардум муаррифӣ мешуд, фиреби навбатии ҳукумати Тоҷикистон баромад. Дар хатсайрҳои “башардӯстона” аксар мардони ҷавон парвоз карданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз корбар Моҳира Шафиева нашр шудааст, ки бақайдгирии билетҳо дар яке аз фурӯдгоҳҳои Маскавро нишон медиҳад. Дар навор дида мешавад, ки аксари билетгирифтаҳо мардони ҷавон ва хушлибос буда, чанд зани дармонда бе билет мондаанд

Аз ҷумлаи ба парвоз роҳнаёфтаҳо, ки қаблан номнавис ҳам карда будаанд, худи муаллифи навор бо чанд кӯдакаш, ки мегӯяд хонаашро супоридаву дар кӯча мондааст, ду зани ҳомила, як зан бо чанд кӯдак ва марди беморе дида мешаванд. Хоҳари яке аз он занони ҳомила мегӯяд, ки хоҳараш се бор бо пойҳои варамида ба сафорат рафтааст, аз сафорат ӯро ба фурӯдгоҳ фиристодаанд, вале бо вуҷуди ин ҳама ба хатсайр роҳ наёфтааст. 

Яке дигар аз занони ҳомла мегӯяд, ки рӯзи дуввум аст ба парвоз роҳ намеёбад.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ба парвозҳо пеш аз ҳама дармондагону ниёзмандон гирифта мешаванд. Вале навори нашршуда маълум кард, ки ниёзмандон ҳатто пас аз ҳама ба парвоз роҳ наёфтаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *