Рубрики Хабарҳо

Пешниҳоди таъсиси бунёди ба номи Ҳошим Гадо баъди расонаӣ шудани китобфурӯшии ӯ

Нашрияи “Миллат” пешниҳод кардааст бунёде ба номи Ҳошим Гадо, ҳунарманди овозадори тоҷик, ки дар пирамардӣ ба вазъи бади иқтисодӣ гирифтор шудааст, таъсис дода шавад, то ба бузургоне, ки ба мушкили гирифтор мешаванд, кӯмак расонида шавад.

Ин пешниҳод замоне садо дод, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз китобфурӯшии ҳунарманди машҳури кинову театри тоҷик дар чорроҳаҳои пойтахти Тоҷикистон хабар доданд. Чанд нафар дар фейсбук хабар доданд, ки Ҳошим Гадоро бо як костюми кӯҳнаву фарсуда дидаанд, ки дар чорроҳаҳо ба раҳгузарон китобҳои навиштаи худашро пешниҳод мекунад.

Раҷаб Мирзо, рӯзноманигор ва масъули гурӯҳи маъруфи фейсбукии “Ахбор барои афкор” хабар дод, ки як соҳибкори тоҷик гуфтааст 30 китоби Ҳошим Гадоро ба ивази 1500 сомонӣ харидорӣ кунад.

Корбарони дигари шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз пешниҳоди таъсиси фонди ба номи Ҳошим Гадо ҷонибдорӣ кардаанд. Пешниҳоди кӯмак ба ҳунарманди шинохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарчӣ бештар садо медиҳад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *