Categories Хабарҳо

Як қадам то қаҳрамонӣ! Футболбозони навраси тоҷик ба финали мусобиқоти Осиё роҳ ёфтанд

Футбозбозони навраси тоҷик бо пирӯзи ба дастаи мунтахаби Кореяи ҷанубӣ ба финали қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтанд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия тими Кореяи Ҷанубиро дар силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 7-6 шикаст дода ба финал баромад.

Ин бозӣ чанд дақиқа қабл дар варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»-и шаҳри Куала-Лумпур ба поён расид. Ҳисобро бозигари мунтахаби Тоҷикистон Озодбек Панҷиев дар дақиқаи 2-юми дидор боз намуд.

Бозигари кореягӣ Ён Сук-Ҷу муваффақ шуд дар дақиқаи 39-ум тӯбро бо зарбаи сар вориди дарвозаи дастаи Тоҷикистон кунад.

Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ғолибро силсилаи пеналтӣ маълум кард. Зарбаи ҳафтуми бозигари кореягиҳо Сон Ҳонг Ҷуро дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасанов баргардонд.

Дар финал футболбозони навраси тоҷик бо Ҷопон бозӣ хоҳанд кард. Ҷопониҳо дар бозии нимафиналии дигар тими Австролиёро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст доданд.

Қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии чорякниҳоӣ бар тими Кореяи Шимолӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ – 1:1) ғолиб омада буданд. Баъди он бозӣ футболбозони тоҷик соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) гардиданд, ки соли оянда дар Перу доир хоҳад шуд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *