Рубрики Хабарҳо

Футбол ва «Соли оби тоза». Ё бори дигар дар бораи қудрати нарм

Абдуманнон Шералиев

23 сол қабл, дақиқан дар октябри соли 1999 дар Маҷмаъи умумии Созмони милал раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард соли 2003 “Соли оби тоза” эълон шавад. Пешниҳод қабл гардид ва як сол пас дар маҷмаъаии навбатӣ СММ соли 2003 “Соли оби тоза” эълом шуд. Баъдан, дар Соли оби тоза, яъне 2003  дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Ин шояд бузургтарин форуми байналмиллалӣ дар пойтахти Тоҷикистони тоза баистиқлолрасида ва тоза аз ҷанги шаҳрвандӣ буруномада то он замон буд. 

Аз он замон расонаҳои давлатии Тоҷикистон гӯши фалакро кар кардаанд, ки пешниҳоди раисҷумҳурамон дар Маҷмаъи умумии Созмони милал пазируфта шуд ва ин кор обрӯву эътибори кишвари моро дар сатҳи байналмилал боло бурд. Дар ҳар гардиш ва фурсати мувофиқу номувофиқ таблиғоти давлатӣ ин “воқеъаи фаромӯшнопазир”-ро ба хотири шаҳрвандон меорад, ҳарчанд бо гузашти 23 сол шаҳрвандони бечора бо вуҷуди қарор доштанашон дар саргаҳи об, ҳанӯз онро ба серӣ надидаанд. Ҳамчунин ҳади ақал 90 дарсади раъияти раисҷумҳуре, ки пешниҳодаш дар Маҷмаъи умумии Созмони милал қабул гардид, камтарин тасаввуре дар бораи ин маҷмаъа надоранд. Ва агар ҳам медоштанд, чизе барояшон тағйир намекард. Манзурам, дар серӣ диданӣ об тағйир намекард. 

Баъдан як-ду пешниҳоди дигари раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ба об вобаста буданд, дар ин маҷмаъа қабул шуданд. Барои дароз нашудани матлаб аз зикри онҳо худдорӣ мекунем. Имсол ҳам пешниҳоди дигари ӯ дар бораи “Соли ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 қабул гардида ва он ахиран эълон ҳам шудааст. Яъне барои даҳ соли дигар АМИД “Ховар” мавзӯъ дорад.

Оё ин кор танҳо хоси Тоҷикистон аст ва мо бояд онро интиқоду масхара кунем? На! Ин корро аксари кулли кишварҳое, ки расонаи давлатӣ доранд, мекунанд. Ҳатто Олмони пешрафтаву демократӣ. Ҳарчанд дар мавзӯъҳое бузургтар, дар шакли содатару камтар, аммо мекунанд. Аз кишварҳои худкома ку аслан ҷои гапу мисол задан нест. Ва чои таъаҷҷуб ҳам надорад. Расонаи давлатӣ танҳо вазифаашро дар назди корфармояш, яъне давлат адо кардааст…

Чӣ умумияте байни “Соли оби тоза” ва Ҷоми ҷаҳон ҳаст? 

Се рӯз қабл Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар поён ёфт ва Аржентин қаҳрамони ҷаҳон шуд. Чаҳор соли оянда ҳар вақте номи Аржентин дар ҳар куҷое садо дод, дар зеҳни шунаванда “қаҳрамони ҷаҳон” пайдо хоҳад шуд. Ва ҳар гоҳе касе номи Қатарро шунид, он бо Қаҳрамонии ҷаҳони соли 2022 ва ҳаводисе, ки дар он иттифоқ афтод, тавъам хоҳад буд. 

Ҳардуи ин рӯйдод, яъне қабули пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон дар Маҷмаъи умумии Созмони милал ва Қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатару қаҳрамон шудани Аржентин дар сиёсат як мавзӯъанд ва ба он “қудрати нарм” гуфта мешавад. Танҳо фарқ дар ҳаҷми ин рӯйдодҳо ва шинохти мардуми ҷаҳон аз он рӯйдодҳост, ки таъсирашон ба қудрати нарми кишварҳо ҳам ба ҳамин миқдор аст. 

Ҳоло метавонед муқоиса кунед: аз “Соли оби тоза” эълон шудани соли 2003 ё “Соли ҳифзи пиряхҳо” эълон шудани соли 2025 ба истиснои онҳое, ки дар ҷаласаи Маҷмаъи умумии Созмони милал ширкат мекунанд (он ҳам на ҳамаашон), мутахассиону созмонҳое, ки ба тозагии об ва ҳифзи пиряхҳо машғуланд, баъзе расонаҳои соҳавӣ ва хонандагони бисёр камшумори онҳо дигар касе дар ҷаҳон хабар надорад. Яъне чанд ҳазор нафар. Албатта ба истиснои мардуми Тоҷикистон, ки поинтар, агар фурсат шуд, ба ин мавзӯъ бармегардем. 

Аммо дар бораи Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол, дар куҷо баргузор шудану кадом кишвар қаҳрамон шуданаш, ҳади ақал ними мардуми ҷаҳон хабар доранд. 1,5 млрд нафар мустақиман футболро пайгирӣ ва тамошо карданд ва на камтар аз 3 млрд.и дигар бо ҳар воситае — аз расонаҳо, гуфтумонҳо, ҷанҷолҳо ва ғайра аз он хабар доранд. 

Ҳарчанд, ҳамон гуна, ки гуфтем, ҳарду дар сиёсат як мавзӯъанд, фарқ на камтар аз 100 млн баробар аст! Албатта агар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки чанд даҳсола ба гӯшашон “Соли оби тоза” хонда шуд, истисно кунем. Истисно ҳам мантиқӣ аст, чун донистани мардуми кишвар аз “Соли оби тоза” ба қудрати нарми кишвар ҳеҷ таъсире надорад. Таъсири он ба қудрати нарми ҳукумат болои мардум аст, ки маҳз ба ҳамин хотир ин қадар таблиғ мешавад ва он мавзӯъи комилан дигарест.

Таъсири бузурги ҳаводиси кӯчак ба қудрати нарм

Дар мусобиқоти ҷаҳонии футбол ҳаводисе рух доданд, ки зеҳнҳо дар кулли ҷаҳонро такон доданд ва таъсирашон барои солҳо боқӣ хоҳад монд. Чун мавзӯъи баҳси мо қудрати нарм, яъне сиёсист, зикр кардан ба маврид аст, ки таъсири он ҳаводис дар қадрати нарми кишварҳое ҳам, ки дар ҳаводис дахл доштанд солҳо таъсиргузор хоҳад буд. 

Дар бораи таъсири баргузории Ҷоми ҷаҳони ба қудрати нарми Қатар ва таъсири роҳ ёфтан ба давраи ниманиҳоб ба қудрати нарми Мағриб дар мақолаи гузашта каме гуфта будем. Ҳоло биёед дар бораи таъсири ду ҳодисаии дар назари аввал кӯчаки ин мусобиқот баҳс кунем. 

Ҳодисаи аввал: бо модаронашон ҷашн гирифтани пирӯзӣ аз ҷониби бозикунони тими миллии Мағриб.

Дар ҷаҳоне, ки ҷойгоҳи модар бисёр поин бурда шудааст, таъсири ин амалкарди варзишгарони мағрибӣ мисли боронест, ки ногаҳон ба заминҳои хушкидаву солҳо бороннадида меборад. Бо вуҷуди ин ки ба курсии тақдис дар Ғарб ва ахиран дар Шарқ ҳам, ҷои волидайн фарзандон ва ҳатто ҳайвоноте чун сагу гурба такя задаанд, тақдиси модарон аз ҷониби футболбозҳои мағрибӣ зеҳнҳоро ба шиддат такон дод. 

Тақдиси волидайн, бахусус модар фитрист, онро наметавон бо ҳеҷ пешрафту маданияту фарҳанге берун андохт. Ин буд, ки дар майдони пирӯзӣ ба ҷои маъшуқаву, фарзанду буту ғайраҳум тақдис шудани модарони мағрибӣ ин фитратро дар замири якояки аҳли башар бедор кард ва ҳамаро эҳсосӣ сохт. Миллионҳо, шояд садҳо миллион нафар ашк рехтанд. ЯК НАФАР ДАР КУЛЛИ ҶАҲОН пайдо нашуд, ки ин кори мағрибиҳоро мақкум карда бошад. 

Аз таъсири равониву иҷтимоии ин амалкарди мағрибиҳо бигзарем, ки мавзӯъи дигарест. Аммо таъсири ин кори варзишгарони мағрибӣ ба қудрати кишварашон аз таъсири пирӯзиҳояшон ба қудратмандтарин тимҳои футболи Аврупо камтар набуд. Тақдиси модар, ки як амри табиӣ, бахусус байни мусалмонҳост, аз қазо ба қудрати нарми кишвари африқоие афзуд. Ва чӣ афзудание!

Ҳодисаи дигар: ҳамдардии раисҷумҳури Фаронса ба Килиан Мбаппе

Назди Мбаппеи афсурдаву шикаста ва сиёҳпӯст фаромадани Эммануел Макрон, раисҷумҳури кишвари қудратманде чун Фаронса ва изҳори ҳамдардиву баоғӯшгирифтанҳояш, аз ҳаводиси хотирмони дигари Ҷоми ҷаҳонии футбол буд. Барои шаҳрвандони кишварҳои худкома, ки раисҷумҳурҳояшонро танҳо дар телевизионҳо мебинанд, ин кори Макрон ҷуз шок чизе наовард. Шарҳҳое, ки тоҷикон дар зери ин навор навиштаанд худ мавзӯъи як баҳси алоҳида аст. 

Аммо оё ин кори Макрон самимӣ буд ва танҳо ба он хотир аз нишатгоҳи люксаш поин шуд, ки қалби озурдаи Мбаппеи сиёҳпӯстро таскин диҳад? Ман бовар надорам. На ба он хотир, ки ба шахси Макрон кадом эҳсосе дорам, балки ба он хотир, ки мутмаинам дар ҷаҳони имрӯз сиёсатмадор наметавонад самимӣ бошад. Самимӣ будан барои сиёсатмадор шикаст хӯрдан дар қадамҳои аввал ё ҳади ақал ҳамеша дар мухолифат мондан аст. 

Макрон танҳо аз фурсат истифода бурд, то ба қудрати худаш ва ба қудрати нарми кишвараш бияфзояд. Ва чи истифодаи муваффақонае. Дигар камтар касе дар ҷаҳон шубҳа дорад, ки ҳукумати Фаронса як ҳукумати раиятпарвар ва демокросист, ки раисҷумҳур дар он ходиме беш нест. Як футболбоз, як варзишгар метавонад аз раисҷумҳур маъруфтару маҳбубтару баландмавқеътар бошад. Мбаппе ҳам бо камтарин эътиное накарданаш ба Макрон ин боварро ба шиддат тақвият бахшид. 

Албатта муносибати байни Эммануел Макрону Килиан Мбаппе холӣ аз самимият нест ва нишондиҳандаи бисёр олии муносибати ҳукумат бо мардум ва мардум бо ҳукумат дар Ғарб аст, ки ин ҳам мавзӯъи як баҳси дигарест.  

Гашти муваффақ дар касби қудрат

Касби қудрати нарм ба чизҳои зиёде, шурӯъ аз сарвату сатҳи маориф то пирӯзӣ дар варзишу қабулонидани пешниҳодҳо бастагӣ дорад. Аммо гоҳо пирӯзӣ дар кадом намуди варзиш ва ё қабули пешниҳодҳо дар баландтарин сатҳ ҳам камтарин таъсире дошта наметавонанд. Кишварҳое вуҷуд доранд, ки дар чанд намуди варзиш даҳсолаҳо садрнишинанд, аммо камтар касе аз онҳо хабар дорад. Чун намуди варзиш маъруф нест. Кишварҳое ҳам ҳастанд, ки ҳар сол бо сарфи даҳҳо миллион доллар пули буҷа форумҳои байналмиллалӣ таъсис медиҳанд, аммо таъсири он форумҳо аз дари салони ҷаласа берун намеравад. 

Дар ҳамин ҳол кишварҳое ҳам ҳастанд, ки сармоягузории муваффақе ба намудҳои маъруфи варзиш мекунанд, мисли Крувосӣ дар футбол ва ё сисатмадороне вуҷуд доранд, ки дар фурсате мувофиқ худро ба майдон мерасонанд, мисли Макрон ба назди Мбаппе. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *