Камбуди таҷҳизоти пизишкӣ дар бемористонҳои Иёлоти Мутаҳидаи Амрико барои муқобила бо коронавирус, ҷамъе аз мусалмонони ин кишварро ба фикри кӯмакрасонӣ андохт.
Мусалмонон дар саросари Омрико баъд аз вахим будани вазъият ба сабаби пащншавии вируси COVID-19 дар ин кишвар ва оҷиз мондани Иёлоти Муттаҳида дар рафъи мушкилоти мардум, даст ба кор шуда, барои бемористонҳои ин кишвар ниқоби тиббӣ ва либосҳои муҳофизатӣ таҳия мекунанд.
Ба навиштаи пойгоҳи Middle East Eye, “Маркази исломии Синсиноти бузург” (Islamic Center of Greater Cincinnati) бо дархости як бемористони занона дар шаҳри Синсинотӣ воқеъ дар аёлати Уҳою ниқоби тиббӣ омода кардааст.
Дуктур Маром Хаббоз, мудири хадамоти “Маркази исломии Синсинотӣ” аз чанд рӯз пеш гурӯҳе аз довталабонро ташкил додааст, то аз дохили манзилҳои худ барои кормандони дармонии ин шаҳр ниқоби тиббӣ дӯзанд. Онҳо ҳамчунин шабакаи пахши махсус ба худро эҷод кардаанд, то ниқоби тиббиро ба бемористонҳои маҳаллӣ бирасонанд. Мусалмонони ин шаҳр то кунун ҳазорон адад ниқоби тиббиро дар марказҳои дармонӣ тақсим кардаанд.
Дуктур Маром Хаббоз, ки худ низ як пизишки бемориҳои солмандон аст, ба гузоришгари Middle East Eye гуфтааст: “Мо ба кӯмаки бисёр зиёд ва валантерон ниёз дорем, то кори духту дӯзи ниқобҳои тиббиро анҷом диҳанд. То битавонем ба тамоми дӯстон ва ҳамсоягони худ кӯмакрасонӣ кунем.”
Дуктур Жонет Олтену (Jeanette Altenau), мудири равобити умумии Муассисаи дармонии Тройҳелс (TriHealth) дар шаҳри Синсинотӣ мегӯяд: “Ин навъ ҳимоят аз тарафи ҷомеа барои аъзои тими мо дар ин бӯҳрони куруно, лутфи бузург аст. Мо қадрдони тамоми ин ҳадияҳо ҳастем ва аз ҳамаи ширкаткунандагон дар ин амр ташаккур мекунем.”
Бар асоси оморҳои эъломшуда, дар Иёлоти мутаҳидаи Амрико то кунун беш аз 644 ҳазор нафар ба вируси COVID-19 мубтало шуда, ҳудуди 30 ҳазор нафар низ бар асари ибтило ба ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.