Аъзамхон Акбаров, мудири кулли ширкати телевизион ва радиои «Азия» дар Хуҷанд, аз вазири тандурустии Тоҷикистон хостааст, бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти бемории Ковид-19 расман низоми гӯшанишиниро ҷорӣ кунанд.
Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, вазъи имрӯзаи ҷаҳон ба ҳама маълум аст ва «хуруҷи коронавирус дар кишварҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистон низ шадидтар шудааст»
Номаи Аъзамхон Акбаров рӯзи 14-уми апрел дар «Фейсбук» нашр шуд ва то кунун тақрибан 800 нафар онро писандида, дар зери он беш аз 200 нафар шарҳ навиштанд.
Зиёда аз ҳаштод дарсади шарҳнависон пешниҳодро дуруст шумурда, тақрибан бист дарсади дигар ба зидди он баромадаанд.
Аъзамхон Акбаров дар идомаи номааш аз мақомоти маҳаллӣ низ хостааст, нархи маҳсулоти хӯроквориро ҷиддӣ назорат кунанд: «Ҳам дар бозорҳо ва ҳам дар дорухонаҳо нарх тадриҷан боло меравад.»
«Ба шаҳрвандон гуфтанӣ ҳастам, ки ба ҳар хел овозаҳо бовар накунед ва ҷомеаро дар таҳлука намонед… Ба ҳар сурат, ман ба маълумоти расмии давлат эътимод дорад, на ба эҳсоси муваққатӣ»,-хулоса кардааст ӯ.
Ахиран чанд ҳодисаи марги одамон ба роҳ ёфтани коронавируси нав ба Тоҷикистон бастагӣ дода мешаванд. Ба монанди даргузашти ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, як корманди бемористони шаҳри Бохтар ва марги як сокини Шаҳристон.
Вале мақомоти тандурустии Тоҷикистон гуфтаанд ва ахиран такрор карданд, ки то ҳол ягон мавриди гирифторӣ ба Ковид-19 ба қайд гирифта нашудааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, мақомот мегӯянд, ниёзе ба эълони карантин ё гӯшанишинӣ нест.