Бориши барфи сангин рӯзи душанбе бахшҳое аз Бритониёро пӯшонда ва шабакаҳои ҳамлу нақли ҳавоӣ, қатор ва роҳҳоро халадор кардааст.
Ба гузориши Рейтерз, се ҷавон пас аз суқут дар дарёчаи яхзада ҷони худро аз даст додаанд.
Бритониё бо 15 дараҷа зери сифр, сардтарин шаби соли худро то кунун сабт кардааст.
Бориши сангини барф ҳамчунин боис шуд, ки бахшҳое аз шабакаи зерзаминии метро дар Лондон низ ба ҳолати таълиқ дарояд ё бо таъхир мувоҷеҳ шавад.
Сардии ҳаво дар шимоли Шотланд ба манфии 15 дараҷа сантиград расид ва идораи ҳавошиносӣ таъйид кард, ки сардтарин шаби сол будааст.
Ҳушдорҳои бештар дар Шотланд ва шимоли шарқи Англистон барои мушкилоти эҳтимолии бархоста аз обуҳаво аз нимаи шаби сешанбе содир шудааст.