Алӣ Мутаҳҳарӣ: роҳи ислоҳ дар Эрон баста шудааст
Алӣ Мутаҳҳарӣ, ноиби раиси собиқи Маҷлиси Эрон ва устоди донишгоҳ дар хусуси решаёбии эътирозот дар ин кишвар гуфт: роҳи ислоҳ баста шуда, магар раҳбарӣ дахолат кунад.
Ба гузориши “Хабар онлайн”, вай бо ишора ба роҳи хурӯҷ аз вазъияти кунунӣ изҳор кард: эҳсоси мушорикат надоштан дар масоили ҳаётии кишвар ва адами мушорикат дар сарнавишти худ ба норизогиҳо дар кишвар таъсиргузор будааст. Мардум эҳсос мекунанд тақрибан роҳи ислоҳе вуҷуд надорад. Роҳи ислоҳ баста шудааст.
Мутаҳҳарӣ дар идома афзуд: то қабл аз интихоботи Маҷлиси ёздаҳум ё раёсатҷумҳурӣ умеде вуҷуд дошт, ки намояндагони мустақиле вориди маҷлис шаванд ва фарде, ки намояндаи мардум бошад раисҷумҳур шавад ва рақобате бошад, ин умед ҳам аз байн рафт.