Рубрики Хабарҳо

Урдуғон аз кашфи чоҳи бузурги газ дар Баҳри Сиёҳ хабар дод

Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия пас аз нишасти кобинаи давлат дар эълом кард, ки киштӣ чоҳкани “Фотеҳ”-и Туркия, дар чоҳи Чоиҷумо-1 захоири гази табиӣ бо ҳаҷми 58 миллиард метр мукаабро дар умқи 3 ҳазору 23 метрии зер баҳр кашф кард. 

Урдуғон бо иброз хурсанди аз ин кашфи нав гуфт: захоири гази табиӣ мо дар Баҳри Сиёҳ бо кашфи нав дар Чоиҷумо-1, дар ҳудуди 170 миллиард метри мукааб афзоиш ёфта ва дар маҷмӯъ ба 710 миллиард метр мукааб расидааст. 

Вай ҳамчунин дар бораи захоири гази табиӣ дар Баҳри Сиёҳ гуфт, ки дар натиҷаи таҷзия ва таҳлил додаҳо, ҳаҷми захираи 540 миллиард метр мукаъаби қаблии мо ба 652 миллиард метри мукаъаб афзоиш ёфтааст. 

Урдуғон бо ишора ба буҳрони энержӣ дар ҷаҳон гуфт: захоири гази табиӣ дар Баҳри Сиёҳ, кашфи нави мо даричаеро барои иктишофҳои монанд дар дигар майдонҳои гази минтақа боз хоҳад кард. Ҳаффориҳои навро фавран оғоз хоҳем кард. 

Раисҷумҳури Туркия изҳор дошт, ки арзиши гази табиӣ, ки дар Баҳри Сиёҳ кашф кардаанд, бо баҳои имрӯз дар бозорҳои байналмилалӣ, болиғ бар як триллион доллар аст. 

Урдуғон бо ишора ба ин ки тасмим дорад Туркияро ба маркази энержии ҳавзаҳои Хазар, Медитарона (Миёназамин) ва Ховари миёна табдил диҳад, афзуд: ҳадафи ниҳоии мо ба поён расондан ва итмоми вобастаги кишварамон ба нафт ва гази табиии хориҷи дар камтарин вақт ва эъломи худкифои Туркия дар заминаи таъмини энержӣ аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *