Рубрики Хабарҳо

Укроин мегӯяд дар як рӯз 21 адад аз 26 паҳподи эрониро сарнагун кардааст

Киев эълом кард, ки дар ҳамалоти ҳавоии шаби гузашта, ки тавассути неруҳои Русия анҷом шуд, артишм Укроин муваффақ шудааст бисёре аз паҳподҳои интиҳориеро, ки ба гуфтаи онҳо “сохти Эрон” буданд сарнагун кунанд. 

Бино бар иттилоияе, ки Неруи ҳавоии Украина субҳи чаҳоршанбе дар каналтелеграми худ мунташир кардааст, дар ҳамалоти шаби севуми майи 2023, неруҳои укроинӣ тавонистаанд теъдодӣ 21 паҳпод аз 26 паҳподи “интиҳорӣ”-и сохти Эронро сарнагун кунанд. 

Неруи ҳавоии Укроин дар идома овардааст, ки ин паҳподҳо дар шимол аз ғарби вилояти Брянски Русия ва дар ҷануб аз соҳили шарқи Баҳри Азов партоб шудаанд. 

То соати ҳашти субҳ ба вақт маҳаллии Киев, мақомоти укроинӣ дар хусуси сарнавишти паҳподҳои раҳгиринашуда ва ин ки ба чӣ маконҳое исобат кардаанд, ҳеҷ иттилоияе содир накардаанд. 

Идораи низомии шаҳри Киев пеш аз иттилоияи Неруи ҳавоӣ, дар каналтелеграми худ оварда буд, ки “падофанди ҳавоии шаҳр тамоми паҳподҳои партобшуда ба самти пойтахтро сарнагун кардааст.” 

Дар шаби гузашта, ожири огоҳии ҳамлаи ҳавои дар чандин минтақаи Укроин ба садо даромад ва расонаҳои маҳаллӣ дар шаҳр Днепро ва Запороже аз вуқӯъм инфиҷорҳое дар шаҳр хабар доданд. 

Русия дар шаби аввали моҳи май низ ҳамалоти ҳавоии густурдаеро алайҳи Укроин сурат дода буд, ки дар он дасти кам 34 нафар захмӣ шуданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *