Мақомоти Толибон дар Қандаҳор дар нишасте зери унвони ҳамоҳангӣ миёни сухангӯёни ин гурӯҳ бо хабарнигорон аз расонаҳо хост аз афроде, ки машрӯъияти Толибонро ба расмият намешиносад даъват накунанд.
Толибон ҳамчунин аз хабарнигорон хоста заноне, ки аз роҳи дур дар барномаи телевизионӣ ширкат мекунанд бояд ҳиҷобро риоят кунанд.
Ҷаласаи ҳамоҳангӣ миёни сухангӯёни Толибон ва хабарнигорон рӯзи чаҳоршанбе, 28 декабр дар раёсати иттилоот ва фарҳанги Толибон дар Қандаҳор баргузор шуд.
Мақомоти Толибон дар ин нишаст аз хабарнигорони маҳаллӣ хостанд хабар ё гузоришашонро пас аз таъйид аз сӯи раёсати иттилоот ва фарҳанги ин гурӯҳ дар Қандаҳор нашр кунанд.
Мақомоти Толибон ба хабарнигорон ҳушдор доданд агар кадом матлаб дар хабар биёяд, ки тайиди раёсати иттилоот ва фарҳангро надошта бошад, паёмадҳои ногуворе хоҳад дошт.
Мақомоти Толибон ҳамчунин аз хабарнигорон хостанд бидуни тайиди мақомоти ин гурӯҳ ҳеҷ мавридро аз ҳисобҳои шахсиашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр накунанд.
Тибқи гузоришҳо, Толибон дар Кобул низ ба расонаҳо дастур дода, ки мухолифони ин гурӯҳро дар баҳсҳояшон даъват накунанд.
Хабарнигорон мегӯяанд намояндагони вазорати иттилооту фарҳанг ва раёсати умумии истихбороти Толибон пайваста бо ҳузур дар расонаҳо матолиби онро қабл аз нашр баррасӣ мекунанд.