Рубрики Хабарҳо

Русия будубоши муҳоҷиронро осон карданист

Дар Русия мехоҳанд шароити буду боши муҳоҷиронро осон кунанд.

Дмитрий Демиденко, муовини сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҷаласаи муштараки мақомоти давлатии Қирғизистону Русия дар бораи тарҳҳои сабук кардани шароити буду боши муҳоҷирон сухан гуфт.

Демиденко гуфт, «Дар Русия аз 1 январи соли 2024 дар назар аст, ки қариб тамоми расмиёти муҳоҷират тағйир дода шавад. Ин шароит ва тартиби будубошро осон мекунад ”.

Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки шароити буду боши муҳоҷирон дар кишвар сабуктар ва заминаҳои ба феҳристи сиёҳ ворид шудани онҳо коҳиш дода шавад. Ҳамин тариқ, дараҷаи ҷиноятҳо вобаста ба вазнинии онҳо муқаррар карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки муҳоҷирон, масалан, барои аз ҷои нодуруст гузаштан аз роҳ ба рӯйхати сиёҳ дохил намешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *