Коҳиши тадобири коруно дар Чин ва Гонконг паёмадҳое доштааст. Чанд кишвар аз ҷумла Итолиё ва Амрико муқаррароти худро барои мусофирони чинӣ сахттар кардаанд. Олмон мегӯяд феълан мунтазир аст ва вазъияти коруно дар Чинро зери назар дорад.
Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши сареъи шумори мубталиён ба вируси коруно дар Чин, Итолиё шарти тести коруноро барои вуруди мусофирон аз Чин муқаррар кардааст.
Орастио Скиллачи, вазири беҳдошти Италия гуфтааст: “дастури тести антигени иҷбории Ковид-19 барои ҳамаи мусофироне, ки аз Чин меоянд ва аз масири Италия мегузаранд, содир шудааст.” Ӯ гуфт, ин иқдом “барои итминон аз назорат ва шиносоии ҳамаи анвоъи вирус барои муҳофизати ҷамъияти Итолиё зарурӣ аст”.
Аз сешанбе, 27 декабр минтақаи Ломбардӣ дар шимоли Италия озмоишҳои марбутаро ба иҷро даровард. Вазорати хориҷаи Итолиё эълом кард, мусофирони ҳавои аз мабдаи Чин бояд ҳадди ақал то 30 январ дар фурудгоҳи Малпенсаи Милан мавриди озмоиши коруно қарор гиранд.
Ташдиди тадобир дар дигар кишварҳо
Амрико, Ҷопон, Ҳинд ва Тайван пеш аз ин иқдомоти мушобеҳиро эълом карда буданд. Ба вижа адами додаҳои шаффоф аз сӯи мақомоти Чин дар бораи вазъи мавҷи коруно боиси нигаронии афзояндаи байналмилалӣ шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти давлати Амрико, муҳимтар аз ҳама, камбуди иттилоот шиносоии анвоъи эҳтимолии вирусҳои ҷадид ва вокуниши мутаносиб бо онро душвор мекунад.
Сирояти ҷамъӣ пас аз сабуксозии тадобири давлат
Мақомоти Пекин дар авоили декабр, бо ақибнишинӣ аз сиёсати сахтгиронаи Ковид-сифр, аксари маҳдудиятҳои коруноиро лағв карданд. Аз он замон то кунун, ин вирус ба суръат дар ҳоли густариш дар сатҳи Чин аст ва ин кишвар болотарин мизони олудагӣ дар ҷаҳонро таҷриба мекунад.
Бар асоси баровардҳо, эҳтимол дорад ҳудуди як миллион нафар дар Чин дар моҳҳои оянда бар асари коруно ё паёмадҳои ҷониби ибтило ба он ҷони худро аз даст бидиҳанд.
Пекин рӯзи душанбе 26 декабр поёни карантини коруноро барои мусофирони бозгаштӣ аз хориҷ эълом кард. Ин амр боис шуд чиниҳое, ки моил ба сафар ҳастанд, ба платформҳои резерви парвоз ҳуҷум бубаранд.