Рубрики Хабарҳо

Ҳукумат боз «ҳотамона»қарзи «Барқи тоҷик»-ро бахшид

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки қарзи ширкати  “Барқи тоҷик” назди  “Неругоҳи Барқи Обии Сангтӯда-1” ба маблағи 282 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, ҳудуди 28 млн доллар, ки аз хариди неруи барқ ба амал омадааст, кам карда шавад.

Ин санад дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шуд. 

Гуфта мешавад, ин маблағ ҳамчун пардохти қисми қарзи ширкати «Барқи Тоҷик» дар назди ҶСК «НБО Сангтӯда-1» ба ҳисоб гирифта мешавад.

Мувофиқи қарор, ба маблағи ба ҳамин баробар, 282 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қарзи “НБО Сангтӯда-1” аз андоз, ки то 1 ноябри соли ба вуҷуд омадааст, кам карда мешавад.

Бино ба маълумоти ҶСК “НБО Сангтӯда-1”, ҳаҷми умумии қарзи “Барқи тоҷик” ба ин Неругоҳи Сангтуда 1 то 30 нобяри соли 2022 ҳудуди 2 млрд 592 млн сомонӣ, ҳуҳуди беш аз 254 млн долларро ташкил дода буд.

Қарзи “Барқи тоҷик” аз ҳисоби барқи гирифтааш аз неругоҳи “Сангтӯда-1” аз 1 октябри соли 2021 то октябри соли 2022 қариб ба андозаи 30% афзудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз оғози соли 2022 “Барқи тоҷик” аз ин неругоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон ҳудуди 1,2 млрд киловатт-соат барқ гирифтааст. Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2022 ҳамагӣ 33% аз арзиши барқи интиқолёфтаро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки ШСХК “Барқи тоҷик” ягона харидори неруи барқи “НБО Сангтӯда-1” мебошад.

ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии неругоҳ – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Қарзи умумии кредитории “Барқи тоҷик” то аввали нимсолаи якуми соли ҷорӣ 32 млрд сомонӣ, ҳудуди 3 миллиарду 100 милион доллар мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *