Рубрики Хабарҳо

Русия: идеяи баргузории иҷлоси сулҳ тавассути Укроин тарҳи таблиғотии Амрикост

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, ки талоши Укроин барои баргузории иҷлоси сулҳ бахше аз тарҳи таблиғотии ироашуда аз сӯи Амрико аст. 

Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия тайи нишасти матбуотӣ дар Маскав, бо ради талошҳои Киев барои баргузории иҷлоси сулҳ ба манзури поён додан ба ҷанг, гуфт: ин идея бахше аз тарҳи таблиғотии ироашуда аз сӯи Амрико аст. 

Захарова, баргузории иҷлоси сулҳи тавассути Укроинро “идеяи бад” тавсиф кард ва афзуд: ин як идеям бад аст ва мо онро дар чорчӯби тарҳи таблиғотии Вашингтон арзёбӣ мекунем. Вашингтон тайи рӯзҳои ахир саъй дорад давлати Укроинро ба унвони нерӯи сулҳ нишон диҳад. 

Вай дар бахши дигаре аз суханони худ бо интиқод аз суханони нахуствазири Арманистон дар бораи нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия дар Қарабоғ, изҳор кард: Интиқодҳое дар бораи Русия ва нерӯҳои ҳофизи сулҳ қобили қабул нест. Нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия тамоми талоши худро ба манзури ҳалу фасли ихтилофот ва оддӣ шудани шароит дар минтақа анҷом медиҳанд. 

Мария Захарва дар бораи ахбори марбут ба дидори қарибулвуқуъи вазири хориҷаи Туркия бо ҳамтои руси худ низ тавзеҳ дод: дар ҳоли ройзании фишурда бо туркҳо ҳастем.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *