Ду рӯз пеш агентии давлатии миллии “Ховар” хабар дод, ки Русия дар ҳудуди Тоҷикистон паркҳои технологӣ ва филиалҳои паркҳои технологиашро мекушояд. Дар ин бора раиси Кумитаи Шӯрои Русия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, «таъсиси паркҳои технологии муштарак ғояи бисёр ҷолиб ва саривақтист». Тавре Лилия Гумерова қайд кардааст, ҷавононе, ки ба лоиҳаҳои илмию техникии Тоҷикистон ва Россия таваҷҷуҳ доранд, метавонанд бо кори худ соҳибихтиёрии технологии ду кишварро таъмин намоянд.
Дар хабар омадааст, ки дар худи Россия, дар Москва ва зиёда аз 60 манотиқи ин кишвар имрӯз зиёда аз 300 парки технологӣ мавҷуданд. Танҳо дар Москва тақрибан 35 парки технологӣ фаъолият доранд, ки маъруфтарини онҳо Сколково мебошад.
Чаро Русия?
Чаро Тоҷикистон маҳз бо Русия дар соҳаи паркҳои технологӣ ҳамкорӣ карданист, маълум нест. Шояд Русия дар ин ҷода хеле муваффақ аст?
Тавре WIPO, ниҳоди байналиллалии тобеи Созмони Милали Муттаҳид, ки 193 давлатро дар бар мегирад ва шохисҳои навовариро дар кишварҳо таҳлил мекунад, дар гузориши худ “Шохиси умумиҷаҳонии инноватсионӣ — 2021” Русия дар рӯйхати навоварӣ дар ҷои 45-ум қарор додааст, ки ин нишондиҳандаи миёна ба ҳисоб меравад. Панҷ кишвари навовартарини ҷаҳон кишварҳои Суис (Швейтсария), Суид (Шветсия), ИМА, Бритониёи Кабир ва Кореяи ҷанубӣ эътироф шудаанд.
Русия бошад, дар ин радабандӣ пас аз Тайланд (ҷои 43) ва Вйетнам (ҷои 44) қарор гирифтааст. Тоҷикистон бошад, дар ҷои 103 қарор гирифтааст. Аз кишварҳои минтақа ҷои баландтаринро Қазоқистон (ҷои 79) гирифтааст. Ӯзбекистон (86) ва Қирғизистон (98) низ аз Тоҷикистон мавқеи беҳтарро ишғол кардаанд.
Тавре аз радабандии WIPO дида мешавад, Русия шояд шарики беҳтарин барои ташкили паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон набошад, зеро аз як тараф, Русия дар ҷаҳон мавқеи шинохтае дар соҳаи технологӣ надорад. Мантиқӣ мебуд, агар роҳбарияти Тоҷикистон кишваре пешрафта, ҳадди ақал дар даҳгонаи беҳтаринҳо дар радабандиро шарик интихоб мекард. Албатта, варианти беҳтарин ҷои аввал ё дувум дар радабандӣ аст. Вале чаро ҳукумат ва “пешво” кишвареро, ки дар ҷои 45-ум дар ҷаҳон қарор дорад, шарик гирифтаанд, маълум нест. Шояд таҷрибаи Русия дар паркҳои технологӣ муваффақу комёб будааст?
Парки технологӣ чист?
Парки технологӣ (ё IT-парк) — минтақаест, ки дар он институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ширкатҳои илмӣ, технологияи олӣ ва техникӣ ҷойгир мешаванд. Дар паркҳо имконият ва шароит мусоид мешавад, ки истеҳсолот, илм, маориф ва технологияҳои олӣ якҷо карда шаванд.
Аввалин парки технологии ҷаҳон дар Донишгоҳи Стэнфорди ИМА ташкил шудааст. Донишгоҳ замини калоне дошт ва қарор кард, онро ба иҷораи дарозмуддат диҳад. Шарти асосии иҷора ин буд, ки танҳо ширкатҳои технологияи олӣ метавонистанд иҷорагирони парк бошанд.
Ҳолати паркҳои технологӣ дар Русия
Дар Русия ташаккули мавҷи аввали паркҳои технологӣ дар охири солҳои 1980 ва аввали солҳои 1990 оғоз ёфт. Аксарияти онҳо дар донишгоҳҳо ташкил шуда буданд. Ин паркҳои технологӣ инфрасохтори пешрафта, амволи ғайриманқул ё гурӯҳҳои омӯзонидашудаи идоракунӣ надоштанд. Онҳо ҳамчун як қисми сохтории донишгоҳ таъсис дода шуданд ва истиқлолият ва ташаббускорӣ надоштанд.
Баъдтар адади зиёди паркҳои технологӣ ташкил шуданд. Вале кадоме аз онҳоро муваффақу комёб номидан мумкин аст, маълум нест.
Тавре қаблан дар хабар зикр шуд, маъруфтарини паркҳои технологии Русия парки технологии Сколково дар Маскав мебошад. Сохтмони он замони ҳокимияти раисҷумҳури собиқ Медведев оғоз шуда буд. Дар саргаҳи он худи раисҷумҳури собиқ Медведев, миллиардерҳои машҳури Русия, профессорони донишгоҳҳои бузурги Русия ва намояндагони ширкатҳои номдори ғарбии Google, Intel, Nokia, Siemens, Samsung, Microsoft, Boeing, ширкати автомобилбарории ҳиндии Tata, ширкати телекомуникатсинии амрикоии Cisco, ширкати саноати фаронсавии Bouygues ва ғайраҳо истода буданд.
Барои сохтани бино ва инфрасохтори ин парк, таҷҳизоту дигар лавозимот наздик ба 500 миллиард рубли русӣ, ё зиёда аз 7 миллиард доллар масраф шудааст.
Бо вуҷуди ин қадар маблағи зиёд ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, бо гузашти зиёда аз 10 сол, то ҳол маълум нест, ин парки технологӣ бо чӣ кор машғул аст ва чӣ кори назаррасе анҷом додааст. Расонаҳо ҳамеша дар бораи ҷанҷолҳои коррупсионӣ дар ин парк хабар медиҳанд. Коршиносон ин паркро барои бесалоҳиятии идора, сармоягузории аз ҳад зиёд аз буҷети давлат, сохтори номуносиб ва фасод танқид мекунанд.
То ҳол дар бораи ягон ихтироъ ва истеҳсолоти муваффақ дар ин парки технологӣ хабаре нест. Аксари ширкатҳои хориҷӣ дар ин фазо фаъолият карда натавониста, аз ин тарҳ хориҷ шуданд.
Роҳбари фонди «Сколково» Аркадий Дворкович қайд кард, ки тақрибан аз 15 то 20% ширкатҳои ин парк фоида ба даст оварда истодаанд. Онҳо ширкатҳое ҳастанд, ки дар марҳилаи аввали кори ин парк — солҳои 2014-2015 ба кор шурӯъ карда буданд. Ба гуфтаи ӯ, боқимонда ширкатҳои нав буда, ҳанӯз дар марҳилаи рушд қарор доранд ва ҳоло ба бозор набаромадаанд. Ба гуфтаи ӯ, худи Сколково низ ҳанӯз фоидаи кофие ба даст наовардааст, то хароҷоташро пӯшонтда тавонад. Ӯ тахмин кардааст, тақрибан солҳои 2025 ба ин марҳила мерасанд.
Тавре дида мешавад, машҳуртарин ва шояд, инноватсионитарин парки технологии Русия, яке аз умедбахштарин тарҳҳои замонавии ин кишвар дар ҳолати хароб қарор дорад. Давоми зиёда аз даҳ сол ягон чизи назаррасе ихтироъ нашудааст, ягон таҷҳизоти технологие истеҳсол нашудааст ва аз парк то ҳол фоидае ба даст наомадааст.
Ҳолати паркҳои технологии дигари ин кишвар низ аз Сколково зиёд фарқ намекунад. Аз рӯи маълумоти Ассотисатисияи кластерҳо ва паркҳои технологии Русия, соли 2020 дар ин кишвар 179 парки технологӣ дар 55 минтақаи кишва вуҷуд доштанд, аз ҷумла 65 паркҳои саноатӣ, ки 50-тои онҳо фаъол буда, 15 дар ҳоли ташкил шудан ҳастанд.
“Ховар”, паркҳои технологӣ ва МОИ
Агентии давлатии “Ховар” минтақаи озоди иқтисодӣ ва паркҳои технологиро муқоиса карда, гуфтааст, минтақаҳои озоди иқтисодӣ минтақаҳои дорои мақоми махсуси ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ мебошанд, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар асоси додани имтиёз шароити мусоид фароҳам меоранд. Парки технологӣ барои резидентҳо имтиёзҳо дар шакли андоз, гумрук ва ғайра пешниҳод наменамояд.
Ба гуфти агентӣ, минтақаи озоди иқтисодӣ назар ба парки технологӣ ғояи амиқтар ва ҷаҳонитар аст.
Вале “Ховар” нагуфтааст, ки ҳамаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки дар кишвар таъсис ёфтаанд, комилан номуваффақ ва ноком шудаанд. Аз 5 минтақаи озоди иқтисодӣ дар кишвар камубеш як ё дутоаш фаъолият мекунад ва он ҳам аслан даромаде барои кишвар наовардаанд, боқимонда бошад, бекор хобидаанд. Минтақаи озоди иқтисодӣ, ки воқеан дар ҷаҳон сатҳи баланде дорад ва кишварҳое чун Амороти Муттаҳидаи Араб аз ин минтақаҳо миллиардҳо доллар даромад ба даст меоранд, дар Тоҷикистон моҳияти худро гум кардаанд. Сабабаш он аст, ки на вазорати рушди иқтисод, на вакилони парлумон ва на ҳукумат аслан срафаҳм намераванд, ки минтақаи озоди иқтисодӣ чӣ маъно дорад. Ба назари онҳо, минтақаи озоди иқтисодӣ як намуде аз бозор аст, ки дӯконҳо ва анборҳо барои иҷора додан дораду бас. Шарти асосии минтақаи озоди иқтисодӣ, яъне додани имтиёзҳо барои пардохти андоз, боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳо аслан риоя намешавад. Соҳибкороне, ки дар ин минтақаҳо тиҷорат оғоз карданду умед доштанд, аз чанголи кумитаи андоз халос хӯрдаанд, ба зудӣ фаҳмиданд, ки дар Тоҷикистон шароит дигар аст ва дар минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият бурдан маънои аз андоз озод шуданро надорад.
Паркҳои технологиро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст?
Дар ҳоле ки Тоҷикистон дар таҷрибаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ноком шуд, ба гумони ғолиб паркҳои технологиро дар кишвар низ ояндаи торике интизор аст. Аслан шарти асосии паркҳои технологӣ ҷамъ кардани марказҳои илмӣ-тақиқотӣ ва ширкатҳои технологияи олӣ дар як ҷой мебошад. Вале дар Тоҷикистон кадом ширкатҳои технологияи олӣ фаъолият мебаранд? Кадом маҳсулоти технологияи олӣ дар кишвар истеҳсол мешавад? Технологияи олӣ дар кишвар дар кадом сатҳ қарор дорад? Албатта, ба ҳамаи мардуми кишвар хуб маълум аст, ки дар кишвар ширкатҳои технологияи олӣ агуштшумор ҳастанд. Ин соҳа дар Тоҷикистон хеле заиф аст.
Пас дар ин паркҳои технологӣ, ки бар шарикӣ бо Русия сохта мешавад, кӣ фаъолият хоҳад кард? Боз чуноне, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ карданд, сехҳои истеҳсоли қубурҳои пластмасӣ ё хишти пухта ташкил мекунанд?