Хабаргузории ИСНА эълом карда, ки сафорати Арабистони Саудӣ аз рӯзи якшанбе 6 август дар Теҳрон бозкушоӣ шудааст. Сафорати Теҳрон дар Риёз 8 август бозкушоӣ шуда буд.
Хабаргузории донишҷуёни Эрон, ИСНА аз бозкушоии расмии сафорати подшоҳии Саудӣ дар Эрон аз рӯзи якшанбе шашуми август хабар додааст.
Пеш аз ин дипломатҳои Арабистони Саудӣ ба таври муваққат дар “Ҳотел Спинос полос” дар Теҳрон мустақар шуда буданд то сохтмони сафорат бозсозӣ шавад.
Бар асоси ин гузориш, масъулияти сафорати Арабистон дар Эрон бар ӯҳдаи Абдуллоҳ Ал-Анзӣ аст, ки пештар сафири Арабистон дар Уммон будааст.
Пас аз эъломи хабари эъдоми шайх Нимр, фақеҳи шиаи арабистонӣ дар соли 2015, нерӯҳои ба истилоҳи “худсар”-и тарафдори Ҷумҳурии Исломӣ ба сафорати Арабистон ҳамла карданд ва ин масъала боиси баста шудани сафорати Арабистон дар Теҳрон ва тирагии равобити ду кишвар шуд.
Сайид Алӣ Хоманаӣ раҳбари Эрон дар бораи эъдоми шайх Нимр гуфта буд “интиқоми илоҳӣ гиребони сиёсатгарони саудиро хоҳад гирифт”.
Моҳи марти соли гузашта бо сафари Иброҳим Раисӣ ба Пекин, муқаддамоти музокира барои шурӯъи дубораи равобит миёни Теҳрон ва Риёз бо миёнҷигарии Чин оғоз шуд.
Рӯзи ҷумъа, 4 август ва пас аз музокироти фишурдаи дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон ва ҳамтои саудии ӯ дар Пекин тавофуқи ниҳоӣ ҳосил шуд ва баёнияи сеҷонибае низ ба имзо расид, ки ба мӯҷиби он равобити ду кишвар аз сар гирифта шуд.
Бо аз саргирии равобити дипломатик миёни Эрон ва Арабистони саудӣ, сафорати ҶИ ҳам рӯзи сешанбе 8 август пас аз ҳафт сол дар Риёз муҷаддадан бозкушоӣ шуд.