Дар маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд пас аз соли нав нархи гази моеъ поин рафт. Як литри ин навъи сӯзишворӣ дар қиёс ба ҳафтаи гузашта 20 дирам арзон шудааст.
Дирӯз, 4-уми январи соли 2023 дар таблоҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Хуҷанд як литр гази моеъ бо нархи 4 сомониву 80 дирам то 4 сомониву 90 дирам ба фурӯш гузошта шудааст, ки арзиши он дар охири сол то 5 сомониву 10 дирамро ташкил медод.
Нархи дигар навъҳои сӯзишворӣ дар сатҳи соли гузашта боқӣ мондааст. Бензини АИ 92 бо нархи 7 сомониву 60 дирам, АИ 95 — 8 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 12 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Гуфтанист, ки дар Тоҷикистон, тибқи иттилои расмӣ, беш аз 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд.