Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар номае, ки ҳашт рӯз пеш ва ҳамзамон бо оғози амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия хитоб ба Раҷаб Таййиб Урдуғон навишта аз ӯ хостааст “аҳмақ” набошад.
Раисҷумҳури Амрико дар ин нома, ки матни он рӯзи чаҳоршанбе мунташир шуд навиштааст: “Биёед ба тавофуқи хуб даст пайдо кунем. Шумо намехоҳед масъули куштори ҳазорон нафар бошед ва ман ҳам намехоҳам масъули тахриби иқтисоди Туркия шинохта шавам, албатта ин корро хоҳам кард.”
Вай дар идома дар мавриди “тавофуқи хуб”-и мадди назари худ хитоб ба Раҷаб Таййиб Урдуғон менависад: “Ман намунаи кӯчаке аз онро дар моҷарои кашиш Брунсон ба шумо нишон додам.”
Раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида дар поёни номааш ваъда додааст, ки “баъдан” бо Раҷаб Таййиб Урдуғон телефонӣ гуфтугӯ хоҳад кард.
“Ман хеле талош кардам бахше аз мушкилоти шуморо ҳал кунам. Ҷаҳонро маъюс накунед. Шумо метавонед ба тавофуқи хубе даст пайдо кунед. Генерали мазлум моил аст бо шумо музокира кунад”.
Матни комили номаи Доналд Трамп ба Раҷаб ТаййибУурдуғон ба ин шарҳ аст:
“Оқои раисҷумҳури азиз! биёед ба тавофуқи хуб даст пайдо кунем. Шумо намехоҳед масъули куштори ҳазорон нафар бошед ва ман ҳам намехоҳам масъули тахриби иқтисоди Туркия шинохта шавам, албатта ин корро хоҳам кард. Ман намунаи кӯчаке аз онро дар моҷарои кашиш Брунсон ба шумо нишон додам.
Ман хеле талош кардам бахше аз мушкилоти шуморо ҳал кунам. Ҷаҳонро маъюс накунед. Шумо метавонед ба тавофуқи хубе даст пайдо кунед. Генерали мазлум моил аст бо шумо музокира кунад. Ў омодааст имтиёзҳое бидиҳад, ки ҳаргиз пеш аз ин пешниҳод нашуда буд. Ман нусхае аз номаи ӯро, ки тоза дарёфт кардаам маҳрамона ба пайваст мефиристам.
Таърих ба шумо нигоҳи мусбате хоҳад дошт агар ин масъаларо аз роҳи дуруст ва инсонӣ ҳал кунед. Дар муқобил агар иттифоқоти хубе рух надиҳад нигоҳи таърих барои ҳамеша ба шумо ҳамчун як шайтон хоҳад буд. Сарсахтӣ нишон надиҳед! Аҳмақ набошед!
Баъдан бо шумо тамос мегирам.
Иродатманди шумо, Доналд Трамп.”