Рубрики Хабарҳо

Чаро Раҳмон саросемавор амр ба террористӣ хондани ПМТ кард? (Навор)

Чанд шикасти пайдарпайи ҳукумат аз мухолифин дар арсаи сиёсӣ ва матбуотӣ раисҷумҳури Тоҷикистонро саросема кард ва ӯ таҳти эҳсосот супориш ба террористӣ эълон кардани Паймони миллии Тоҷикистон дод. Дар ин бора раҳбари Паймони миллӣ дар гуфтугӯи мустақимаш бо мардум изҳори назар кард.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт чанд омилеро зикр кард, ки раисҷумҳурро маҷбур ба даст задан ба як амали эҳсосотӣ, шитобзода ва иштибоҳӣ кунад. 

Ӯ гуфт омили аввал ин аст, ки Паймони миллии Тоҷикистон дар ин як сол собит кард, ки чун як нерӯи пойдор, муназзам ва ҷиддӣ дар саҳна ҷои худро пайдо кард. Ва бо вуҷуди ҳама талошҳое, ки мақомот барои заиф кардан ва ҳатто пароканда кардани Паймон  анҷом доданд, ба ҳеҷ натиҷае нарасиданд. “Маълумотҳои аз доираҳои ҳукумат ба дасти мо расида моро ба ин хулоса расонид: то охир нафароне, ки масъул шуда буданд Паймонро дар ин як сол пароканда созанд, баъзеҳоро бо ҳар далеле аз Паймон хориҷ кунанд, ба Раҳмон гузориши ғалат ва иштибоҳие медоданд, ки корҳояшон дорад пеш меравад. Мо маълумотҳое дарёфт карда будем, ки мехоҳанд Паймонро аз дохил заъиф кунанд. Бо баъзе проектҳо кариб буд, ки баъзе аз аъзои Паймонро аз идомаи мубориза ноумед созанд ва онҳоро бо ҳар далеле аз ҳайати он берун кунанд ва инро ҳамчун муваффақияти худ ба раҳбарият гузориш диҳанд. Аммо дироят ва масъулиятшиносии аъзои Паймон боис гашт, ки ин тарҳ хунсо шавад” – таъкид кард раҳбари Паймони миллӣ.

Омили дуввум, тибқи таъкиди Муҳиддин Кабирӣ дар инзиво қарор гирифтан ва ба ҳошия фиристода шудан дар сатҳи байналмиллалӣ мебошад. “Қавитарин далели ин нишасти Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар Женева ва конфронси САҲА дар Варшава аст. Дар нишасти СММ, вақте ки гузориши ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи башар ироа мешуд, Паймони миллӣ ва дигар ҳаракатҳои оппозитсионӣ бо як ширкати муваффақиятнок тавонистанд, ки нигоҳи коршиносони Созмони милалро нисбати ҳуқуқи башар дигар кунанд. Ба ҷаҳониён собит шуд, ки дар Тоҷикистон мушкилоти зиёде дар ин самт вуҷуд дорад. Ин воқеъан бохти бузурге барои ҳукумати Тоҷикистон буд” – изҳор дошт ӯ.

Бохти шиканандаи дигарро ҳукумат ба гуфтаи Кабирӣ дар конфронси САҲА  мутаҳаммил шуд. Ӯ гуфт “ба хусус дар ду рӯзи охир, ки ҳамаи дипломатҳо аз ин кори конфронс натиҷагирӣ карданд, бештари интиқодҳои дипломатҳо ба самти ҳукумати Тоҷикистон буд. Ҳатто як нафар ҳам пайдо нашуд, ки аз мавқеъи ҳукумати Тоҷикистон дифоъ кунад. Баръакс тамоми баромадҳо алайҳи онҳо буд. Табиист, ки ин гузоришҳо ба касоне, ки тасмим мегиранд расонида шуд. Ва онҳо дарк карданд, ки гузоришҳои қаблӣ дар бораи ин ки ПМТ як нерӯи заъиф аст ва ба зудӣ аз байн меравад, воқеъият надорад. Ин буд, ки ба раисҷумҳур таҳти эҳсосот ба раиси Додгоҳи Олӣ супориш дод чунин як ҳукми ғайриқонуниро содир кунад”.

Омили саввумро раҳбари Паймони миллӣ вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар донист, ки бинобар мудирияти нодурусти ҳукумат рӯз то рӯз вазъи иқтисодӣ бадтар мешавад ва сатҳи зиндагии мардум поёнтар меравад. “Аз ҳама муҳимаш, қишри таҷрибадор, босаводи кишвар, онҳое, ки метавонанд миллатро бисозанд, кишварро обод кунанд, оҳиста оҳиста дорад кишварро тарк мекунад… Ҳукумати Тоҷикистон инро дарк мекунад, ки нишондодҳои иқтисодиаш хеле поин аст. Раисҷумҳур ҳам дар сӯҳбати охираш маҷбур шуд як муқоисае байни солҳои 91 ва имрӯз кунад ва нишон дод, ки саноати кишвар чӣ қадар заъиф шудааст. Гӯё каси дигарро гунаҳкор мекард, дар ҳоле, ки дар ин муддат худаш раисҷумҳур буд ва худаш ҷавобгари ин вазъият аст. Барои он ки ин вазъияти нохуби иқтисодиро рӯпӯш кунад, кӯшиш мекунад диққати ҷомеъаро ба сӯи масъалаҳои бофтаву сохта барад. Ба сатми терроризм барад ва ба мардуми кишвар ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ нишон диҳад, ки дар Тоҷикистон оппозисиюн вуҷуд надорад – танҳо ҳукумат вуҷуд дорад ва терроризм ҳаст” – изҳор дошт Муҳиддин Кабирӣ. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *