Рубрики Хабарҳо

Рейтерз: нишонае аз талафоти сарбозони укроинӣ баъд аз ҳамлаи Русия дида намешавад

Ба думболи иддаои Русия дар мавриди кушта шудани 600 сарбози укроинӣ дар як ҳамлаи ракетӣ дар Краматорск, Рейтерз гузориш дод, ки тиме аз ин хабаргузорӣ рӯзи якшанбе ба ин минтақа рафт ва дар он ҷо нишонаҳои талафоти инсониро надида ва ракетҳо ба ҳадаф исобат накардааст. 

Вазорати дифоъи Русия муддаӣ шуд, ки сохтмони ду хобгоҳи донишҷӯёнро, ки аз сӯи сарбозони укроинӣ истифода мешуд, дар интиқом аз ҳамлаи ракетии Укроин дар шаби соли нав, мавриди ҳамлаи ракети қарор дод. 

Дар ҳамлаи соли нав, ки тавассути укроиниҳо анҷом шуд, Маскав гуфт, ки 83 сарбози русӣ кушта шуданд аммо Укроин рақами куштаҳоро беш аз 400 сарбоз гуфта буд. Ин ҳамлаи маргбори Укроин боис шуд, ки фармондеҳони артиши Русия шадидан мавриди интиқод қарор бигиранд. 

Тими хабаргузории Рейтерз гуфт, ки ҳеҷ як аз ин хобгоҳҳои мавриди иддаои Русия дар шарқи Краматорск мустақиман мавриди исобати ракет қарор нагирифта ё ба таври ҷиддӣ тахриб нашудааст. Ҳамчунон, ҳеҷ нишонае аз зиндагӣ кардани сарбозон дар он маҳал ё нишонаҳои ҷасаду хуни сарбозон дида намешуд. 

Як сухангӯи артиши Укроин гуфт, ки вазорати дифоъи Русия бо ин иддао дар мавриди талафоти густурдаи сарбозони укроинӣ мехоҳад нишон диҳад, ки ба ҳамлаи маргбори артиши Укроин посух додааст. 

Шаҳрдори Краматорск низ дар файсбук гуфт, ки ин ҳамла талафот надошт. 

Дар эъломияи вазорати дифоъи Русия омада буд, ки бо истифода аз маълумоти қобили эътимод, маҳалли иқомати сарбозони укроиниро ҳадаф қарор дод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *