Рубрики Хабарҳо

Ҷуръати камсобиқаи Раҳимзода: ӯ аз Русия шарҳ талаб кардааст

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли як барқия ба Владимир Колоколтсев, вазири дохилаи Русия шарҳи сабаби марги Илҳомуддин Шоев — муҳоҷири тоҷикро хостааст. Ин иқдом, яъне вокуниши вазоратхонаҳои Тоҷикистон ба таъқибу қатли муҳоҷирон камсобиқа аст.

Раҳимзода ҳамчунин аз Колоколтсев хоҳиш кардааст тафтишоти марги Шоевро зери назорати худ гирад.

“Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ҷиҳати шарҳ додани сабаби марги шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон Илҳомуддин Шоев ҳангоми бозпурсӣ дар шуъбаи полиси ноҳияи Вешнякии шаҳри Москва ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев В.А. барқия ирсол намуд. Инчунин хоҳиш карда шуд, ки санҷиши қазияи мазкур зери назорат қарор дода шавад” — омадааст дар иттилоъи дафтари матбуотии ВКД.

Гуфтанист Илҳомуддин Шоев зимни бозпурсӣ дар яке аз шӯъбаҳои пулиси Маскав ҷон дод. Пулиси Русия сабаби марги ӯро аз кор мондани дилаш мегӯяд, аммо волидони Илҳомуддин бемории қалб доштани фарзандашонро рад мекунанд ва мегӯянд осори шиканҷа дар бадани ӯ дида мешавад. Онҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостанд ба қазияи фарзандашон расидагӣ кунанд.

Шиканҷа ва ҳатто марги муҳоҷирон дар шӯъбаҳои пулиси Русия зуд-зуд такрор мешавад, аммо мақомоти зирабти Тоҷикистон дар аксари ҳолатҳо аз чунин ҳодисаҳо чашм мепӯшанд. Талаби шарҳи Раҳимзода аз ҳамтои русаш ҳам як иқдоми камсобиқа дар таърихи ин ниҳод аст.  

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *