Рубрики Хабарҳо

Бурду бохти Радиои Озодӣ дар як соли охир

Ё чаро марҳилаи 2015-2018 бадтарин марҳилаи касбӣ дар таърихи РО аст?

Ба ҳукми ин ки дар он замон сухангӯи ҲНИТ будам ва бевосита бо расонаҳо, аз ҷумла Радиои Озодӣ, ҳамкорӣ мекардам ва бозтоби воқеъиятҳо аз тарафи расонаҳоро пайгирӣ мекардам, бо итмиънон метавонам бигӯям, ки Радиои Озодӣ бахши тоҷикӣ бо сарпарастии хонум Соҷида аз 2015 то 2018 дар мавриди ахбори марбут ба мухолифин, бахусус ҲНИТ, усули журанлистикаро аслан риоя накардааст.

На танҳо РО дар ин фосилаи замонӣ вақоеъи марбут ба мухолифинро нодида мегирифт, балки ин хабаргузорӣ ба яке аз минбарҳои талблиғотии ҳукумати ғайридемократӣ табдил шуда буд.

Ман, ҳамчун як шаҳрванд, ки бо қиммати фишорҳову азиятҳо болои модараму хешутаборам мисли дигар мухолифини ҷонсахт, дар ин муддат фаъолият мекардам, ин зулм ва ноадолатиро дар хуну пустам эҳсос мекардам.

Ҳечгоҳ ин зулм ва ноадолатӣ нисбати худу ҳамкоронам ва дигар мухолифонро, ки бо қиммати ҷонҳои худу хешовандонашон фаъолият мекунанд, фаромуш нахоҳам кард. Худо хоҳад, ҳар вақте ки хонум Соҷидаро бубинам, шахсан рубаруяш инро хоҳам гуфт. Ноадолатӣ ноадолатӣ аст.

Ҳар инсони мунсиф ва адолатхоҳ агар ба ин гуфтаҳо шак дорад, метавонад фаъолияти Радиои Озодиро дар ин мақтаъи замонӣ (аз 2015 то 2018) таҳлил кунад, хоҳад фаҳмид ки элитаи таъсиргузор бо сарпарастии хонум Соҷида ба ҳеч ваҷҳ усули журналистикаро риоя накардаанд.

Хости мо аз ҳама расонаҳо ин аст, бозтоби воқеъиятҳо ва ҳодисаҳо то қадри имкон ҳамон тавре ҳаст, на каму на зиёд. Журналистикаи қавӣ ҳам ба фоидаи ҳукумат ва ҳам ба манфиати оппозитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буд, ҳаст ва хоҳад буд.

Аммо дар мавриди фаъолияти ин хабаргузорӣ дар як соли ахир, омилҳои зиёд таьсир мерасонанд, ки ин хабаргузорӣ ба сатхи марҳилаи пеш аз 2015 бирасад ва ин қобили дарк аст. Чун Тоҷикистон дигар Тоҷикистони то 2015 нест ва журналистикаи тоҷик ҳам. Барои баргаштан ба он сатҳ бояд корҳои зиёде кард ва бемуболаға Радиои Озодӣ қадамхои аввалро гузошта буд. Ин худаш кори кам нест.

Фикр мекунам, ки имрӯз Радиои Озодӣ фарқ мекунад ва шояд чандон нодуруст нахоҳад буд, ки марҳилаи фаъолияти РО аз 2015 то 2018-ро ҳамчун бадтарин марҳила дар таърихи ин хабаргузорӣ васф кард.

Журналистони РО ва ҳама журналистони тоҷик, ки дар ин рӯзҳои сахт бо бозтоби бетарафонаи воқеъиятҳо ва ҳодисаҳо барои миллату Ватан хизмат мекунанд, дастҳояшонро мефушурам.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *