Масъулони фурудгоҳи Душанбе ба бештари кормандон мураххасии бидуни маош додаанд. Кормандон мегӯянд: Намедонем чӣ кор кунем ва бо чӣ касе тамос гирем, оё ин кор қонунӣ аст ё на?
Як корманди фурудгоҳ ба Азия Плюс гуфтааст: Ба далели бекор шудани парвозҳо ҳудуди 70 дарсад аз кормандон ба муддати 15 то 20 рӯз ба мураххасии иҷбории бидуни маош фиристода шуданд.
Ба гуфтаи як манбаи огоҳ дар Ожонси ҳавопаймоии Тоҷикистон, ба ғайр аз кормандони фурудгоҳи Душанбе, кормандони фурудгоҳҳои Бохтар, Кулоб ва Хуҷанд низ ба мураххасии иҷбории бидуни маош рафтанд.
Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон Сомон-Эйр низ таъйид кард, ки ба бештари кормандон мураххасии бидуни маош дода шудааст.
Аммо фаолони ҳуқуқи башар мегӯянд: Дар сурати фиристодани иҷбории корманд ба мураххасӣ аз тарафи корфармо, коргарон бояд тибқи гузашта маош бигиранд.
Тибқи моддаи 33 қонуни кори Тоҷикистон дар сурате, ки ҳар созмоне дучори мушкилоти тавлидӣ, иқтисодӣ ва ё созмонӣ шавад, корфармо бо тавофуқ бо намояндагони кормандон метавонад муваққатан кори онҳоро мутаваққиф кунад ,бидуни ин ки иқдом ба коҳиши теъдоди кормандон кунад.
Наврӯз Одинаев, раиси як ширкати ҳуқуқӣ гуфт: Бо тавофуқ бо корманд метавон ӯро бидуни тағйири дастмузд мутобиқ бо банди 1 модаи 117 қонуни кори Тоҷикистон ба мураххасӣ фиристод.
Наврӯз Одинаев афзуд: Банди 2 ин мода бо дастмузди комили корманд маҳдудиятҳоеро барои ҳадди ақал дастмузд дар чунин мураххасиҳо таъйин мекунад , ки ба назари ин ҳуқуқдон бо қисмати аввал дар таззод аст.
Бинобарин тибқи гуфтаи раиси ширкати ҳуқуқӣ агар корфармо иқдом ба коҳиши кормандони зермаҷмӯаи худ кунад метавонад кормандонро ба мураххасии бо маош ва ё бидуни маош бифиристад, вале шарти аслӣ ризояти корманд ё коргар аст.
Вай гуфт :Дар сурати эъломи шароити изтирорӣ монанди бемории корона , ки боиси рукуд дар корҳо ва таътилии марказҳои хадамотӣ мешавад, дар инҷо корфармо аз пардохти маош маоф мешавад ва зарарҳои шаҳрвандон ва кормандон дар ин ҳолатҳо аз ҳисобҳои вежаи хазинаи ҳолатҳои изтирории давлат пардохт мешавад.