Қимати нафти навъи Brent бо ду твити Трамп ҳудуди 10 доллар афзоиш ёфт. Трамп пас аз сӯҳбат бо валиаҳди Арабистон гуфт, ки тавлиди нафт 15 миллион бушка коҳиш ёфтааст. Чин ҳам эълом кард, ки нафтро анбор мекунад ва Путин аз ройзанӣ бо ОПЕК хабар дод.
Рӯзҳои сахт барои кишварҳои нафтхези ҷаҳонӣ гӯё сипарӣ шудааст. Аз буҳрони коруно ва ихтилофи ғӯлҳои нафтӣ Арабистони саудӣ ва Русия ҳадди ақал рӯзи панҷшанбе дувуми апрел дар бозори нафт хабаре набуд.
Қимати ҳар бушка нафти хоми брнт (159 литр) дар муомилоти бозори ҷаҳонӣ субҳи рӯзи панҷшанбе бо афзоиши ҳафтдарсадӣ аз ҳудуди 24 доллар оғоз шуд аммо дар тӯли рӯз баҳои нафт аз 30 доллар гузашт.
Нафти хоми Вест Тегзоси Амрико (WTI) ҳам бо 21 доллар оғоз шуд ва дар тӯли рӯз аз 25 доллар гузашт ва ҳудуди як чаҳорум ба баҳои он дар қиёс бо рӯзҳои гузашта афзуда шуд.
Авомили мутааддиде ба афзоиши нархи тиллои сиёҳ кумак кардааст аммо иллати аслии афзоиши баҳои нафт дар муомилоти рӯзи панҷшбе изҳороти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва твиттҳои ӯ дар бораи гуфтугӯ бо Путин ва тавофуқ бо валиаҳди Арабистони саудӣ дар бораи коҳиши тавлиди нафт буд.
Трамп бо ирсоли як твит дар бораи сӯҳбати худ бо ибни Салмон, валиаҳди Арабистон, боиси шоки бозори нафт шуд. Раисҷумҳури Амрико дар ибтидо пас аз гуфтугӯи телефонӣ бо ибни Салмон аз коҳиши 10 милион бушкаи нафт хабар дод.
15 дақиқа пас аз ин твит, Трамп твити дигаре ирсол кард ва аз коҳиши тавлиди 15 миллион бушкҳои нафт хабар дод. Ин хабар сабаби шоки бозор шуд. Қимати нафти Брент билофосила 10 доллар дар ҳар бушка афзоиш ёфт ва аз марзи 30 доллар гузашт.
Ба думболи он Арабистон хоҳони нишаст бо ОПЕК+ шуд. ОПЕК плюс кишварҳои тавлидкунанда нафт ҳастанд, ки дар созмони ОПЕК узв нестанд, аммо дар тавлиди нафт ва таъйини қимати он нақш доранд.
Дар тӯли рӯз гузоришии дигаре ҳам бозори ҷаҳонии нафтро такон дод. Чин тасмим гирифт захоири нафти стратегии худро афзоиш диҳад. Ин тасмими Чин ба афзоиши баҳои нафт кумак кард.
Ройзании Амрико, Руссия ва Арабистон барои миҳори баҳои нафт
Русия ва Арабистони саудӣ вақте бар сари таъйини саҳми худ дар бозори нафт ихтилоф доштанд бовар намекарданд, ки баҳои он ин қадар поин кашида шавад, ки онҳоро водор ба музокира ва мусолиҳа бикунад. Ҳатто Амрико ҳам барои миҳори нархи нафт ба ин ду кишвар пайваст.
Суқути баҳои нафт се ғӯли нафтиро, ки сиёсат ва манофеъи мутафовитеро думбол мекарданд ба як самт савқ дод.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳамзамон бо ҳамтои амрикоии худ эълом кард, ки перомуни қимати нафт бо Амрико ва аъзои ОПЕК дар ҳоли ройзанӣ аст, то ҷилави суқути бештари баҳои нафт дар бозори ҷаҳониро бигирад.
Путин тайид кард, ки суқути баҳои нафт ва газ ба мушкилии ҷиддӣ ва амиқ барои Русия табдил шудааст.
Афзоиши баҳои нафт дар замоне иттифоқ афтодааст, ки ҳанӯз бемории коруно миҳор нашуда ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ва Амрико аз пайки шуйӯъи вируси он дар рӯзҳои оянда сухан гуфтаанд, бинобарин баҳои нафт метавонад дар рӯзҳои оянда дубора боло ва поин шавад ва ҳамчунон дар навасон боқӣ бимонад.