Рубрики Хабарҳо

Фаромадани тарма ҳаракат дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистонро мушкил кардааст

Дар як шабонарӯзи гузашта дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 мавриди фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи раиси маркази матбуъотии Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва дифоъи мадании Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ резиши тарма дар навоҳии Варзоб ва Айнӣ низ сабт шудааст.

Барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи тарма ва тоза кардани роҳҳо хадамоти роҳдории ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ва Вазорати нақлиёт техникаи махсуси роҳро ҷудо кардаанд.

Субҳи 12 январи соли 2023 шоҳроҳи Рӯшон-Бартанг баста ва роҳи Душанбе-Хуҷанд барои мошинҳои сабукрав боз шуда, барои ҳаракати мошинҳои боркаш маҳдудият ҷорӣ шудааст. Соате пеш IRS хабар дод, ки роҳи Душанбе-Чаноқ пурра боз шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар мардумро даъват мекунад, ки аз сафар ба маҳалҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *