Рубрики Хабарҳо

Нуралиев рафту “Золотая Корона” баргашт

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қароре таҳти №2 аз 10 январи соли 2023, ба фаъолияти системаи интиқоли пул “Золотая корона” дубора иҷоза дод. Аввали соли 2020 ин система, ки аксари бозори интиқоли пул ба Тоҷикистон аз Русияро ин сестема контрол мекард, бо баҳонаҳое аз Тоҷикистон ронда шуд.

“Ба Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платёжный Центр” (ҶДММ), ки мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия таъсис ёфта, амал менамояд, барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Золотая Корона” ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд”, омадааст дар иттилоъияи БМТ.

 ҶДММ “Платёжный Центр” молики системи интиқоли пул “Золотая Корона” мебошад.

“Золотая Корона” то замони манъи фаъолияташ ҳудуди 85 дарсади бозори интиқоли пул байни Русияву Тоҷикистонро контрол мекард. Ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон аз 2 то 3 миллиард дар солро ташкил медиҳад.

Ҷамолиддин Нуралиев, он замон муовини раиси БМТ ва домоди раисҷумҳур, ки аксари бахшҳои марбут ба хидматрасонии бонкиро монополия кардааст, бо баҳонаи ин ки контроли ҳадиаксарии интиқоли пул аз ҷониби як система ба амнияти молиявии кишвар хатар дорад, бо чанд баҳона фаъолияти “Золотая Корона” дар Тоҷикистонро манъ кард. 

Бо барканории Нуралиев аз симати муовинати раиси Бонки Миллӣ дар моҳи июни 2022 ва аз Раёсати он дар нимаи моҳи декабри гузашта, зоҳиран роҳи бозгашти “Золотая Корона ҳам боз шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *