Рубрики Хабарҳо

Толибон ба Созмони ҳамкориҳои исломӣ: мамнуъияти омӯзиши занон муваққатӣ аст

Сухангӯи Толибон мегӯяд нигаронии Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар мавриди манъи омӯзиши занон қобили дарк аст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт манъи омӯзиши занон як гоми муваққатӣ аст ва ин мушкил рафъ хоҳад шуд. Созмони ҳамкориҳои исломӣ дирӯз дар як нишасти фавқулода манъи таҳсилу кори занони Афғонистонро хилофи қавонини ислом донист. 

Сухангӯи Толибон рӯзи панҷшанбе 12 ноябр дар хабарномае гуфт, ки мамнуъияти омӯзиши духтарон як “гоми муваққатӣ” аст ва ин мавзӯъ бо фароҳам шудани замина ҳал хоҳад шуд. 

Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки 48 кишвари мусулмон узви он аст, рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти фавқулқоъда дар мавриди омӯзиши занони Афғонистон гуфт: “бастани макотиб ва донишгоҳҳо ба рӯйи духтарону занон барои муддати номаълум дар тазодд бо аҳдоф ва қавонини ислом ва шеваи паёмбар аст.” 

Ин Созмон дар як баёния аз Толибон хост то ба “ҳуқуқи башар, ба шумули ҳуқуқи занон ва кӯдакон эҳтиром бигузорад.” 

Бар асоси эъломияи ин Созмон, “занон нақши барҷастае дар тавсеаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва эҷоди сулҳ ва амният дар Афғонистон доранд.”

Сухангӯи Толибон аз ҳама созмонҳо ба вижа Созмони ҳамкориҳои исломӣ хостааст, ки тафоҳуми наздик бо Толибон дошта бошанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ҳамчунин аз нишасти ин Созмон қадрдонӣ кардааст. 

Сухангӯи Толибон гуфта кишварҳо бояд ба кумакҳои худ ба мардуми Афғонистон идома диҳанд ва таъкид кардааст, ки ҳеҷ кишвар дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *